Дар доираи густариши ҳамкориҳои ҳарбии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз 27 июл то 2 августи соли 2014 дар машқгоҳи Алоотои шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон машқҳои муштараки низомӣ таҳти унвони «Бародарии шикастнопазир-2014» бо нерӯҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ доир мегардад.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар машқҳои муштарак аз Тоҷикистон гурӯҳҳои фаврӣ ва як взводи Баталёни сулҳҷӯёнаи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ ширкат хоҳанд намуд. Ҳамчунин гурӯҳҳои фаврӣ аз Ҷумҳурии Армения, Белорусия, Ҷумҳурии Қирғизистон ва як ротаи гурӯҳи тактикӣ аз Федератсияи Россия ширкат меварзанд.
Ба иттилои мнабаъ, ҳадаф аз ташкилу ба роҳ мондани машқҳои муштарак байни ҷумҳуриҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дасатаҷамъӣ, ин пеш аз ҳама таҳкими пойдории сулҳу субот, муттаҳидии нерӯҳои сулҳҷӯёна ва сайқал додани маҳорату малакаи касбии хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзо мебошад.
Гуфта мешавад, ҷараёни машқҳои муштаракро афсари масъули Вазорати мудофиа аз Раёсати амалиётии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Ҷамшед Саидов бар ӯҳда дорад. Дар назар аст, ки даври ниҳоии машқҳои муштаракро роҳбарону намояндагони кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ назорат хоҳанд намуд.




Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста