Дар Қирғизистон ҷиҳати ҷалби сокинони маҳаллӣ ба ҳимояти марзҳо тибқи қонунгузорӣ иҷозат дода шуд. Дар ин бора хабаргузории vesti.kg иттилоъ медиҳад.
Дар хабар зикр мегардад, ки ҳанӯз 9-уми октябр вакилони парлумони Қирғизистон лоиҳаи қонун «Дар бораи ваколатдорон дар марз»-ро маъқул шуморида буданд.
Дар санади қабулшуда гуфта мешавад, ба вазифаи ваколатдор дар марз бо пардохти маблағи пулӣ барои ҳимояти марзи давлатӣ, сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини наздимарзӣ ҷалб шуда, онҳо ҳеҷ унвонеро соҳиб намешаванд ва таъминоти ин ваколатдорон бо музди меҳнат ва дигар эҳтиёҷот аз ҳисоби буҷети Хадамоти давлатии марзбонӣ сурат мегирад.
Таъкид мешавад, ки шахсоне, ки шаҳрванди Қирғизистон нестанд, аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ ё алтернативӣ нагузаштаанд, доғи судӣ доранд, ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ нестанд ва дар минтақаҳои наздимарзӣ доимо ба фаъолияти хоҷагидорӣ машғул нестанд, ваколатдор дар марз таъин шуда наметавонанд.
Қобили зикр аст, ки ҳанӯз соли 2011 зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Қадамҷойи вилояти Ботканд собиқ президенти Қирғизистон Роза Отунбоева дастур дода буд, ки ба посбонии марзҳои давлатии кишвар аҳолии маҳаллӣ ҷалб карда шавад.
Муноқишаҳо миёни сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ва марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон солҳои пеш ҳам ба вуқӯъ мепайвастанд, вале баъди муноқишаи рӯзи 11-уми январи соли равон миёни сарҳадбонони ҳарду кишвар чунин ҳодисаҳо зиёд шуданд. Аз оғози соли ҷорӣ чандин муноқишаҳо рух дод, ки баъзан талафоти ҷонӣ ҳам дар пай дошт.




Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста