Чанде қабл дар Маркази байналмилалии Вена иҷлосияи панҷоҳу ҳафтуми Комиссия оид ба воситаҳои нашъаовар кори худро оғоз намуд, ки он то 5-уми декабр давом мекунад.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, Тоҷикистон аъзои Комиссияи байналмилалии назорати маводи нашъаовар интихоб гардида, дар кори иҷлосия Тоҷикистонро директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назарзода намояндагӣ мекунад.