Дар қаламрави тамрингоҳи Момираки вилояти Хатлон маркази бузургтарини таълимии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маркази таълимии «Ҳомиён» бевосита аз ҳисоби воситаҳо ва бо истифода аз захираҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар майдони беш аз 22 гектар бунёд гардидааст.
«Дар маркази таълимии мазкур, ки аз макони зисту ошхона ва дигар зербинои зарурӣ иборат аст, метавон барои ҳамаи навъҳои ҷузъу томҳои нерӯҳои нзомии ҷумҳурӣ тамринҳо ва машғулиятҳо доир намуд», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки дар маросими ифтитоҳи марказ вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо зимни суханрониаш оид ба беҳбуди шароити таълими сарбозону афсарон дар майдони машқи танкҳо ва ободонии қаламрави марказ дастурҳои мушаххас додааст.



Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста