Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо имрӯз дар Хуҷанд натиҷаҳои ҷамъомади ҳарбӣ-методиро, ки аз 9 то 11-уми декабр дар вилояти Суғд бо иштироки раисони шаҳру навоҳии вилоят доир гардиданд, ҷамъбаст намуд.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки вазир натиҷаҳои ҷамъомадро «хуб» арзёбӣ намуда, аксари иштирокчиёни онро бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонид. «Бо фармони вазири мудофиа ба чанде аз раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар ҷамъомади мазкур иштирок доштанду афсарони эҳтиётӣ мебошанд, рутбаҳои нави афсарӣ дода шуд», - иброз дошт Ф.Маҳмадалиев.
Ӯ хотиррасон намуд, ки ҷамъомади ҳарбии мазкур таҳти фармондеҳии муовини аввали вазири мудофиа, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ геерал-майор Зариф Шарифзода доир гардида, дар ҷараёни он масъалаҳои ташкили мудофиаи минтақавӣ, сафарбарии аҳолӣ ва техника дар ҳолатҳои фавқулода мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
«Дар ҷамъомад раисони шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин малакаҳои тирпарронӣ, тарҳрезии мудофиаи минтақавӣ ва дигар қобилиятҳояшонро беҳтар карданд», - афзуд номбурда.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста