Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба журналистон иттилоъ дод, ки соли гузашта нисбати 53 нафар тоҷикистониён ба гумони иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст, ки 12 нафар аз онҳо дар Ироқу Сурия ҷангидаанд.
Вазир таъкид дошт, ки се нафар шаҳрвандони кишвар аз ҷанги Сурия ихтиёрӣ ба ватан баргашта, пас аз суҳбат бо кормандони сохторҳои дахлдор, ба озодӣ ҷавоб дода шуданд «Тибқи маълумоти ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз дар даргириҳои Сурияву Ироқ ҳудуди 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд», - гуфт Раҳимзода.
Дар посух ба саволҳои журналистон вазири корҳои дохилӣ изҳор намуд, ки нисбати хешону наздикони ин афрод ҳеҷ чорае андешида нашудааст. «Мо аз онҳо хоҳиш мекунем, ки ба мо кумак расонида, ба бозгашти онҳр ба ватан мусоидат намоянд», - иброз дошт вазир.
Номбурда ваъда дод, ки мутобиқи қонунгузории кишвар, тоҷикистониёне, ки аз амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои дигар ихтиёрӣ ба ватан бармегарданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мегарданд.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста