Васоити ахбори умуми Туркия иттилоъ медиҳанд, ки ҳадди ақал 3 шаҳрванди Тоҷикистон метавонанд ба қатли Умаралӣ Қувватов гумонбар дониста шаванд.
Бино ба иттилои хабаргузории туркии «Хабер» , куштори Қувватов ҳанӯз се моҳ қабл тарҳрезӣ шуда, фармоишгарон заҳролуд шудани ӯро пешбинӣ карда буданд, вале ӯ инро пай бурда, то ба кӯча баромадан фурсат пайдо кардааст, ки дар он ҷо ҳадафи тир қарор гирифт.
Тибқи маълумоти ВАО-и Туркия, яке аз гумонбаршудагон Қувватов ва оилаи ӯро заҳр хӯронида, дигарӣ дар наздикии он манзил қарор доштааст ва ҳамроҳи дигари онҳо бевосита дар куштани Қувватов даст доштааст. Макомоти пулис тибқи нишондоди писари 11-солаи Қувватов акси эҳтимолии қотил (фоторобот)-ро таҳия намудаанд.
Нaberturk.com дар ин робита менависад, ду нафар аз гумонбаршудагон бо Қувватов шинос буда, мақомоти пулис онҳоро зимни амалиёти шабона боздошт кардааст. «Хабер» иттилоъ медиҳад, ки номи яке аз боздоштшудагон Сулаймон аст, ки ӯ суиқасдро тибқи фармоиш дар Истамбул ташкил кардааст.
Нашрияҳои Туркия ҳамчунин иттилоъ медиҳанд, ки вақте ки Қувватов бо аҳли оилааш дар масҷиди воқеъ дар ноҳияи Фотеҳи Истамбул иқомат дошт, Сулаймони бепулу бехона низ муддате он ҷо зиндагӣ кардааст.
Ба гуфтаи муаззини ин масҷид, ба ивази зиндагӣ дар масҷид Сулаймон ба рӯбучини қаламрави масҷиду тоза нигоҳдории он уҳдадор шуда буд. Айни замон муаззини масҷид изҳор доштааст, ки акнун ӯ низ аз суиқасд ба ҷонаш нигарон аст.
Мақомоти пулиси Туркия то ҳол дар ин хусус расман ҳеҷ шарҳу тавзеҳоте надодаанд.
Ёдрас мекунем, ки ҷасади Умаралӣ Қувватов, ки рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуд, рӯзи 9 март дар ин кишвар ба хок супурда шуд. Маросими ҷанозаи Қувватов дар ҳамон масҷиде, ки муддате ӯ бо аҳли оилааш дар он иқомат дошт, баргузор гардид.




“Ҷуз Худо, ба дигаре умед надорем”. Вокуниши пайвандони 4 маҳкумшудаи асосии ҳамла ба “Крокус” ба ҳукми додгоҳ
Исроил мегӯяд, Исмоил Хатибро ҳам куштааст. Охирин хабарҳо аз ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон ва таниш дар Ховари Миёна
Кадом бозорҳои Душанбе ва чанд рӯз дар ҷашни Наврӯз кор намекунанд?
Имсол ҷашни асосии "Наврӯз" дар Душанбе мегузарад. Ба ин муносибат боз кадом чорабиниҳо баргузор мешавад?
“Отахон Латифӣ намехост давлат исломӣ шавад ва то охири умр коммунист боқӣ монд!”
Тоҷикистон ба Эрон кумаки башардӯстона фиристод
Эрон кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймониро тасдиқ кард
Ҷаримаи як сокини Суғд барои сохтани муҳри қалбакии кормандони гумрук
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 49
Таълим дар мактаби Тоҷикистон чанд пул аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста