Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии сардори Департаменти бехатарии ҷамъиятии Вазорати мазкур Лю Шаоу дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни мулоқот зикр гардид, ки ҳамкориҳои байни Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя дар сатҳи баланд қарор дошта, дар асоси Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии и Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин, ки 27 майи соли 2002 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, амалӣ карда мешаванд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо доир ба гузаронидани машқҳои якҷояи тактикии зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳсор ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки баргузории чунин машқҳои якҷояи тактикӣ боз як қадами муҳим барои дар ҳамбастагию ҳамкорӣ мубориза бурдан бо ҷинояткорӣ ва зуҳуроти номатлуб аст.
Дар хотимаи вохӯрӣ бори дигар таъкид гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад, танҳо дастаҷамъона ва дар якҷоягӣ бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир мубориза барад.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста