Гурӯҳи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар Тоҷикистон террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ расман манъ шудааст. Ин қарор бо пешниҳоди Прокуратураи генералӣ аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон қабул шуда, вале миёни аҳли ҷомеа сарусадои зиёде пайдо накард.
Ҳанӯз аввали моҳи май Суди олии Тоҷикистон ДИИШ-ро созмони террористӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнӯъ эълон кард. Як манбаъ аз Суди олӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамчунин тасмим гирифта шудааст, ки маълумоти манъи фаъолияти ДИИШ дар Тоҷикистон аз аҳли ҷомеа пӯшида нигоҳ дошта шавад.
«Дар ҷумҳурӣ феҳристи гурӯҳу созмонҳои фаъолияташон мамнӯъ дар қаламрави кишвар вуҷуд дорад, ки маълумот дар бораи чанде гурӯҳҳо аз ин рӯйхат, аз ҷумла нисбати ДИИШ махфӣ аст», - иброз дошт манбаъ.
Абдуқаюм Юсуфов, адвокати коллегияи адвокатҳои «Сипар» бар ин назар аст, ки Суди олӣ ба огаҳ накардани ҷомеа аз ин қарор ҳуқуқ надошта, чунин амал ва қарорҳои Суди олӣ ба ҳамаи меъёрҳои мурофиавӣ мухолиф аст.
«Аз ҷумла, ин ба Кодекси мурофиавии гражданӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноӣ мухолиф аст, ки дар онҳо усули асосӣ - ошкорбаёнӣ ва кушодагӯӣ баъди қабули қарор аст ва ин ба он вобаста нест, ки парвандаи ҷиноӣ ё мурофиа пӯшида буданд ё муҳри махфӣ доштанд», - қайд кард адвокат.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ҳамчунин бинобар сабаби имрӯз дар саросари ҷаҳон мубориза бурдан алайҳи ДИИШ низ, қарори суд бояд расман эълон шавад. «Гузашта аз ин, агар Суди олӣ қарори худро расман эълом дорад, ин шояд то як андозае ба кам шудани шумори тоҷикистониёни хоҳишманди пайвастан ба сафҳои ДИИШ боис гардад», - афзуд адвокат.
Бино ба гуфтаи вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода, айни замон дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия ва Ироқ 386 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок доранд, ки ҳудуди 40 нафари онҳо бо аҳли оилаашон би ин ҷойҳо рафтаанд.
Дар ҳамин ҳол, аввали сол Нусрат Назаров, маъруфтар бо лақаби Абӯ Холид Кӯлобӣ дар муроҷиати ахири худ дар ин робита изҳор намуда буд, ки айни замон шумори тоҷикистониён дар сафҳои ДИИШ беш аз 2 ҳазлр нафарро ташкил медиҳад. «Онҳоро дар ин ҷо дида, худро чун дар Тоҷикистон эҳсос мекунӣ. Агар чунин идома ёбад, дар Тоҷикистон касе намемонад, ҳама барои ҷангидан ба Сурия меоянд», - гуфта буд он замон Н.Назаров.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Интернет навори видеоӣ бо ҳузури фармондеҳи бедаракшудаи ОМОН ВКД Тоҷикистон интишор шуд, ки дар он ӯ аз Сурия тоҷикистониён, бахусус муҳоҷиронро ба ҷиҳод даъват мекунад.




“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?
Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2026
Наврӯз - бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2026
Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
“Инсоф нест, роҳкироро то 200 сомонӣ кардаанд”. Нигаронии сокинон аз гаронии нархи роҳкиро дар арафаи Иди Рамазон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста