Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷиҳати дархост ба Пулиси байнулмилалӣ - Интерпол нисбати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳуҷҷат омода мекунад.

Аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳуҷҷатҳо барои дархост ва истирдоди Кабирӣ ба кишваре дода мешаванд, эҳтимолан ӯ дар он ҷо зиндагӣ мекунад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки нисбати раиси ҲНИТ алҳол парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, вале Прокуратураи генералӣ ният дорад, ки ба наздикӣ онро боз намояд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Прокуратураи генералӣ, ба гумони даст доштан дар дар амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода А.М  13 аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шуда , раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ки айни замон дар Туркия қарор дорад, ба ҳаммаслак будан бо генерали ошӯбгар муттаҳам карда шуд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар робита ба боздошти аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳороти расмӣ пахш намуд. Аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сентябри соли ҷорӣ нисбат ба саркардагон ва ҳаммаслакони ҷиноятпеша дар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ), 181 (ғасби гаравгон), 179 (терроризм), 329 (таҳдид нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ) ва 391 (суистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон  дар бораи комилан анҷом ёфтани амалиёти махсус  оид ба безарар гардонидани гурӯҳи  ҷиноятпешаи собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти чорабиниҳои низомӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки якуним шабонарӯз идома ёфтанд, гурӯҳи террористӣ дар қисмати рости мавзеи Гусгеви дараи Ромит,  воқеъ дар 110 километрии шаҳри Ваҳдат ва баландии 3700 метр аз сатҳи баҳр иҳота карда шуд.

«Кӯшишҳои гуфтушунид ва моил сохтани онҳо ба таслимшавӣ натиҷа надоданд. Террористҳо муқобилияти шадиди мусаллаҳона нишон доданд. Зимни оташи ҷавобӣ, саркардагони гурӯҳи террористӣ ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода,  Эшони Ҷунайд Умаров ва 10 нафар ҳаммаслакони онҳо нест карда шуданд. Теъдоди зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид», - зикр гардида буд дар маълумоти ВКД.

Ҳангоми несту нобуд кардани дастаи террористон, фармондеҳи воҳиди махсуси «Алфа»-и КДАМ ҶТ полковник Амакиев Рустам Холалиевич, инчунин се нафар хизматчиёни ҳарбии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД ва «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок шуданд. Ҷасади Рустам Амакиев дар зодгоҳаш ноҳияи Восеъ ба хок супурда шуд. Дар маросми ҷанозаи марҳум садҳо нафар, аз ҷумла раиси Шӯрои уламои Маркази исломии тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода иштирок доштанд.

Амалиёти махсус алайҳи гурӯҳи мусаллахи Назарзода рӯзи 4 сентябр баъди ҳуҷуми аъзои ин гурӯҳ ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо 9 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расиданд.  Тибқи маълумоти расмӣ, аз оғози амалиёти махсус 117 нафар ҳаммаслакони генерали ошӯбгар боздошт ва 22 нафарашон кушта шуданд. Ҳукумати масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯши генерал Назарзода вогузор намуд.