Шаби 22 ба 23 сентябри соли равон дар асоси маълумоти фаврӣ дар яке аз дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии Шаҳритус кормандони Гурӯҳи фаврии РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон, дар хатти асосии иншооти муҳандисии қитъаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон амалиёти махсус гузарониданд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , дар вақти убури ғайриқонунии хатти сарҳад миёни қочоқчиён, ки аз 4-5 нафар иборат буданд ва сарҳадбонони тоҷик задухӯрди мусаллаҳона рух дода, дар натиҷа чанд нафар қочоқчиён захмдор ва як нафари онҳо кушта мешавад ва боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, тариқи қамишзор ба тарафи Афғонистон баргаштаанд.
Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса як ҷасади қочоқчии 40-45 солаи афғон Ҷаббор Валади Оқил, сокини деҳаи Қулӯхтепаи вулусволии Қалайзори вилояти Қундуз, як адад милтиқи шикории думиллаи 16 мл бо тирҳояш, 2 адад норинҷаки дастаи тамғаи РГД-5 ва зиёда аз 16 кг маводи мухаддир дарёфт шуда, баъдан ҷасад расман ба намояндагони сарҳадии Афғонистон супорида шудааст.



Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста