Дар натиҷаи даргириҳои чандинсоата шоми рӯзи 28 сентябр қисмати зиёди шаҳри Қундуз - маркази маъмурии музофоти шимоли Афғонистон дар ихтиёри ҷангиёни ҳаракати Толибон қарор гирифт. Ҷангиёни ҳаракат дар нуқтаи асосии шаҳр, ки ҳудуди 300 ҳазор нафар дар он зиндагӣ мекунанд, парчами худро барафрохтаанд.
Бино ба маълумоти хабаргузории Reuters , даҳҳо воҳидҳои махсуси артиши Афғонистон ба фурудгоҳи шаҳри Қундуз сафарбар шуда, дар он ҷо барои ҳамлаи ҷавобӣ ҷиҳати таҳти назорати худ гирифтани шахр омодагӣ мегиранд.
Намояндагони Толибон изҳор доштаанд, ки онҳо бинои асосии маъмурияти шаҳрро тасарруф намуда, нияти ҳамла ба фурудгоҳро доранд, ки чанде аз намояндагони ҳукумат ба он ҷо фирор кардаанд.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар шабакаи иҷтимоии Твиттер хабар додааст, ки «бо тасарруфи бинои мақомоти пулис ва дафтари кории раиси музофот дар Қундуз, назорати тамоми вилоят ба дасти мо гузашта, ҷангиёни мо ба фурудгоҳ равонаанд».
Дар ҳамин ҳол, Ҳамдулло Донишӣ, муовини раиси вилояти Қундуз тариқи телефон ба Радиои Озодӣ дар ин робита иттилоъ додааст, ки дар маркази шаҳр задухӯрдҳои шадид идома доранд ва шаҳр ба ду қисмат ҷудо гардида, ба макони амалиёти ҷангӣ табдил ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Associated Press бо истинод ба ҳукумати Афғонистон менависад, ҷангиёни ҳаракати «Толибон» шаҳри Қундузро пурра таҳти тасарруфи худ қарор додаанд.
Намояндаи ВКД Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ ба Интерфакс дар ин робита иттилоъ додааст, ки «шаҳри Қундуз ба дасти Толибон гузашт».
Қаблан дар ин маврид иттилоъ дода будем , ки дар шаҳри Қундуз, воқеъ дар қисмати шимолии Афғонистон артиши ин кишвар бо бо ҷангиёни гурӯҳи Толибон дар набард аст.




Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста