Бар асари задухӯрдҳои низомӣ миёни нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва ҷангиёни ҳаракати Толибон дар шаҳри Кундуз, ки то ҳанӯз идома доранд, бинои консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр осеб дида, фаъолияти консулгарӣ муваққатан боздошта шудааст.

Сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев, ки нахустин консули Тоҷикистон дар шаҳри Кундуз буд, ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бинои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар маркази шаҳр, миёни биноҳои маъмурияти вилоят ва мақомоти амният воқеъ аст. «Мо ҳеҷ гоҳ фикри онро надоштем, ки дар ин қисмати таҳти посбонии пурзӯр қарордошта чунин даргириҳои шадид ба вуқӯъ пайвандад», - гуфт ӯ.

Таъкид гардид, ки консулгарии Тоҷикистон дар Кундуз ягона намояндагии дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар ин шаҳри шимоли Афғонистон аст. «То оғози даргириҳо консули Тоҷикистон дар ин шаҳр Ятимшо Мусофиров ба Душанбе даъват шуда, дар кори семинар-машварати консулҳои ҷумҳурӣ иштирок кард ва то имрӯз дар пойтахти кишвар қарор дорад», - қайд кард Атоев.

Зимнан зикр гардид, ки тибқи маълумоти мавҷуда, ба бинои консулгарии Тоҷикистон тирҳо расида, дарвозаҳои бино аз ҷониби афроди номаълум бурда шудаанд ва посбонони маҳаллӣ низ иншоотро тарк кардаанд.