Аз 8 то 12 октябри соли 2015 Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе иштирокчиёни давраи омӯзишии “КЭПСТОУН” барои генералу адмиралҳои Донишгоҳи мудофиаи миллиро дар Вашингтон дар доираи таҷрибаомӯзии минтақавии саҳроиашон мизбонӣ мекунад.
Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар ҶТ, ҳангоми сафарашон ба Тоҷикистон аъзоёни барномаи “КЭПСТОУН” бо намояндагони воломақоми Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчунин бо Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот хоҳанд кард.
Омӯзандагони барномаи “КЭПСТОУН” ба Гӯшаи амрикоӣ дар ш. Душанбе ҷиҳати шиносоӣ бо маводу давраҳои омӯзиши забони англисӣ барои ҷавонони тоҷик ташриф меоваранд. Баъд аз дидани Гӯшаи амрикоӣ шунавандагони барномаи “КЭПСТОУН” бо ҳамроҳии донишҷӯёни тоҷик дар мизи муддавар зиндагию фарҳанги Амрико ва Тоҷикистонро муҳокима мекунанд.
Рӯзи душанбе онҳо рӯзи аввали давраи омӯзишии аз ҷониби ИМА барои Гвардияи миллӣ ва ДТММ ташкилшударо мушоҳида мекунанд. Ин омӯзишҳо, ки ба иқтидори мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар тамаркуз шудааст ва аз соли 2006 гузаронда мешаванд, фақат яке аз мисоли барномаҳои зиёди кӯмакрасон дар соҳаи амният, ки Сафорати ИМА солона мегузаронад.
Илова ба мулоқоту вохӯриҳо иштирокчиёни барномаи “КЭПСТОУН” барои беҳтар фаҳмидани таъриху фарҳанги беҳамтои Тоҷикистон дар осорхонаю бозорҳо, боғҳои Душанбе ва қалъаи Ҳисори асри 18 сайругашт хоҳанд кард.
Барномаи “КЭПСТОУН” барои ҳамаи генералу адмиралҳои навтаъиншуда соли 1982 таъсис ёфт. Ҳадафи омӯзиши мазкур аз баланд бардоштани малакаҳои банақшагирӣ ва ҷалби қувваҳои ИМА дар амалиётҳои муштараку омехта иборат аст.
Сафари гурӯҳҳои иштирокчиёни барномаи “КЭПСТОУН” ба минтақаҳои гуногун барои дарки беҳтари масоиле, ки шарикони калидӣ дучор мешаванд ва барномаҳои таҳсилию имкониятҳои онҳо дар ноил шудан ба ин ҳадаф мусоидат мекунад. Ба ғайр аз ин иштирокчиёни барномаи “КЭПСТОУН” дар сафару чорабиниҳои фарҳангӣ, ки дар омӯхтани таъриху фарҳанги кишвари ташрифоварда кӯмак мерасонад, иштирок мекунанд.




Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста