Бо иштироки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар шафати бинои Вазорат барои сохтмони бинои нави Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати президент ва меҳмонони олиқадр санги асос гузошта шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, бинои нави замонавӣ аз нуҳ ошёна иборат буда, бо тамоми шароити мусоид, аз қабили қисми навбатдорӣ, утоқҳои корӣ,  ошхона, толори маҷлисгоҳ, толори қабули меҳмонон ва дигар шароитҳои маишӣ таъмин хоҳад буд.

Зимни боздид аз маҳалли сохтмон ва корҳои созандагӣ Рамазон Раҳимзода ба масъулин ҷиҳати босифат ва дар мӯҳлати муайян сохта ба истифода додани бинои нави Воҳиди махсуси ВКД дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Гуфта мешавад, ҳамчунин вазир аз корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар Маҷмааи варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ боздид ба амал оварда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод.