Дар ҷараёни анҷоми амалиёт тибқи маълумоти расидаи фаврӣ-иктишофӣ, қарибиҳои субҳи рӯзи 29 ноябр дар яке аз қитъаҳои дастаи марзбонии Панҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳи сарҳадбонони тоҷик аз кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон аз самти Афғонистон пешгирӣ намуданд.

Котиби матбуотии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳи қочоқбарони афғон таҳти роҳбарии Малук валади Мулло Анвар ба марзбонон муқовимати мусаллаҳона нишон дода, ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар макони ҳодиса 20 кило маводи мухаддири навъи афюн, 6 кило ҳашиш ва як адад автомати Калашников дарёфт шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон ба тафтиш оғоз намудааст.