Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро маъқул шуморид, ки тибқи он операторони мобилии кишвар ба сабти дубораи 7 млн. сим-корти қаблан фурӯхташуда уҳдадор мешаванд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров изҳор намуд, ки тайи солҳои ахир дар кишвар бидуни пешниҳоди кадом як ҳуҷҷате беш аз 70 фоиз сим-кортҳои фаъоли операторони мобилӣ фурӯхта шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 7 млн. сим-кортҳо фурӯхта шудааст. «Сим-кортҳои операторони мобилии Тоҷикистон имрӯз озодона дар минтақаи шимоли Афғонистон фурӯхта мешаванд, он ҷо нуқтаҳои қабули пардохт барои телефонҳои мобилии Тоҷикистон боз шудааст, маълумоте мавҷуд аст, ки дар марз бо кишвари мо ҷангиёни ҳаракати Толибон аз ин сим-кортҳои Тоҷикистон фаъолона истифода мекунанд», - иброз дошт Умаров.

Муовини аввали раиси КДАМ ҶТ ҳамчунин қайд кард, ки тағйироту иловаҳои мазкур барои ба тартиб даровардани фурӯши сим-кортҳои операторони мобилии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда, операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон дар муддати як сол аз замони қабули тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур, уҳдадор мешаванд, ки сим-кортҳои қаблан фурӯхтаро аз нав ба қайд гиранд.

Зимни посух ба саволҳои вакилон М.Умаров зикр кард, ки дар самти ба тартиб овардани пешниҳоди хизматгузориҳои алоқаи мобилӣ, айни замон аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин тағйироту иловаҳо ба қонунҳои дигар низ мавриди таҳия қарор доранд.