Сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Баҳром Шарифзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки 43 нафар сокинони вилоят ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ таҳти раҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) дар моҳи сентябри соли гузашта даст доранд.

Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумор 23 нафар боздошт ва 6 нафар ҳангоми амалиёти махсуси сохторҳои қудратӣ дар моҳи сентябр кушта шуда, боз 14 нафари дигар мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 4 сентябри соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳамлаҳои мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа 9 тан аз кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар ҳалок шуданд.

Масуълияти ин ҳамлаҳоро ҳукумат ба дӯши собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода вогузор намуд. Дар дараи Ромит амалиёт муқобили гурӯҳи генерал муддати 12 рӯз идома ёфта, Назарзода ва чанде аз ҳаммаслакони ӯ кушта шуданд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ки Назарзода як гурӯҳи иборат аз 300 нафарро созмон дода, ба табаддулоти давлатӣ даст заданӣ будааст. Тибқи маълумоти расмӣ, то имрӯз беш аз 150 нафар аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шудаанд.

Пас аз ин ҳодисаҳо Суди олии Тоҷикистон бо қарори худ фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави кишварро манъ карда, раҳбарияти ҳизб ба даст доштан дар исёни Ҳоҷӣ Ҳалим гунаҳкор карда шуд.