Зимни вохӯрии имрӯза бо журналистон вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки вазъи зуд-зуд тағйирёбанда дар ҷаҳон ва минтақа, зуҳуроти терроризму ифротгароӣ дар як қатор кишварҳо қариб ҳамаи давлатҳои сайёраро ба андешидани тадбиру амалҳои мувофиқ барои таъмину сулҳу субот дар қаламрави худ маҷбур месозанд.

Ӯ таъкид дошт, ки дар ин масъала кишвари мо низ истисно нест ва бо ин мақсад рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе ва навоҳии гирду атрофи он бо иштироки воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ машқҳои бузургмиқёси зиддитеррористӣ гузаронида шуданд.

«Чунин тамринҳои ногаҳонӣ ва берун аз нақша, ки дар тамоми маҳаллаҳои бузурги аҳолинишини Тоҷикистон гузаронида мешаванд, набояд боиси ташвишу хавотирӣ ва ошуфтагии аҳолӣ гарданд», - иброз дошт Р.Раҳимзода.

Дар ҳамин ҳол, вазир овозаҳо дар ҷомеаро, ки гӯё рӯзҳои истироҳат сохторҳои қудратӣ исён дар яке аз зиндонҳои пойтахтро саркӯб кардаанд ё як гурӯҳи террористони аз Афғонистон ба Тоҷикистон омада ва ё қотилони як гурӯҳи кормандони милисаро меҷӯянд, рад кард.

Роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ ба амалҳои кормандони сохторҳои қудратӣ зимни машқҳо, ки рӯзҳои истироҳат дар қаламрави Душанбе ва навоҳии гирду атрофи он доир гардиданд, баҳои баланд дода, зикр кард, ки «аз ин мардум набояд нигаронӣ дошта бошанд, зеро ҳамаи ин тамринҳои мо барои ҳифзи оромии онҳо ва сулҳу субот равона шудааст».