Дар қаламрави панҷ тамрингоҳи низомии гарнизони Хатлон аз 15 то 20 март машқҳои маҷмӯавии фаврӣ ва тактикии намояндагони сохторҳои қудратӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ, кормандони мақомоти давлатии кишвар ва хизматчиёни ҳарбии Русия баргузор мешаванд, ки аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон созмон дода мешавад.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки машқҳо бо иштироки ҳудуди 50 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва сарбозону афсарони эҳтиётӣ дар тамрингоҳҳои «Лоҳур», «Сумбула», «Момирак», «Ҳарбмайдон» ва «Ҳалқаёр» доир мегарданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин машқҳо хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ ширкат меварзанд. «Шумори хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия, ҳамчунин шумори авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, ки дар машқҳо иштирок мекунанд, то аввали ҳафтаи равон мувофиқа мешавад», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки машқҳо дар доираи иҷрои Амри президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусалалҳи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тасдиқ ва амалисозии нақшаи ташкили мудофиаи қаламрав» гузаронида мешаванд.
Қайд шуд, ки ба ин машқҳо авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, аслиҳаи сабуки оташфишон ва артиллерия сафарбар мешаванд.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста