- Мақомоти интизомии Русия рӯзи 30 март дар шаҳри Маскав як гурӯҳи иборат қариб аз 20 нафар ҷонибдорони созмони террористии ба ном Давлати исломиро дастгир карданд, - иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба манобеи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
«Дар ҷараёни амалиёти муштараки кормандони Хадамоти федералии амният ва мақомоти пулис дар Маскав ҳудуди 20 тан аз гумонбарон ба робита доштан бо Давлати исломӣ боздошт шуда, тибқи маълумоти пешакӣ, онҳо ба ҷустуҷӯ ва ба сафҳои созмон ҷалб кардани аъзои нав машғул буданд», - гуфтааст мусоҳиби хабаргузорӣ, вале ниҳодҳои интизомии зикршуда алҳол ин маълумотро шарҳ надодаанд.
Аммо, хабар медиҳад « Интерфакс » бо такя ба манобеи худ дар сохторҳои қудратӣ, ин 20 нафар ҳамкорону ҷонибдорони боздоштшудаи Давлати исломӣ дар пойтахти Русия аз Туркия ба Маскав омадаанд.
Гуфта мешаванд, айни замон алоқамандӣ доштани афроди боздоштшуда ба созмонҳои террористӣ ва эҳтимоли даст доштани онҳо дар фаъолияти ин гурӯҳҳо мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.




Рустам Ятимов дар ҳафтгонаи гаронтарин дарвозабонҳои Осиё
Дар Тоҷикистон барномаи панҷсолаи рушди содирот қабул шуд. Дар он чӣ гуфта мешавад?
Ба таъхир афтодани чанд парвоз аз фурудгоҳи Душанбе дар пайи фаромадани тормеғ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Медал”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Владимир Путин куштори Қобилҷонро “амали террористӣ” гуфт ва тафтиши беғаразонаи онро ваъда дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 декабри соли 2025
Ба модари Қобилҷон хона доданд. Пайвандонаш гуфтанд, барои ҷамъоварии кумак суратҳисобе амал намекунад
Филми “Дов” бори аввал оммавӣ мешавад
Ҳузури президент, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, форум ва консерти муштарак. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Покистон чӣ гуна мегузарад?
Кортҳо зери назорат: чӣ гуна Душанбе Сити Бонк истифодаи кортҳо аз ҷониби бегонаҳоро пешгирӣ мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста