Аз 15 то 25 июн Ӯзбекистон вуруди шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба қаламрави кишварашро бозмедорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ки ин тадбир ба он хотир рӯйи кор омадааст, ки рӯзҳои 23-24 июн дар пойтахти Ӯзбекистон - шаҳри Тошканд нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад ва ин яке аз тадбирҳои таъмини амният зимни баргузории ин чорабинӣ унвон мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар робита ба нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд, Ӯзбекистон чунин тадбирро дар марзҳояш бо Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Туркманистон низ роҳандозӣ намудааст.




Афзоиши ҷарима барои ронандаҳо. Барои кадом қонунвайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ чӣ қадар зиёд шуд?
Ҳунармандони “андозгурез”. Санъаткорон беш аз 660 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор будаанд
Аввалин қатораи санҷишии борбар аз Чин ба Тоҷикистон раҳсипор шуд
Ҳабси абади 3 тан ва то 25 соли зиндони 23 каси дигар барои таҷовуз ба номус дар Суғд
Саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ: Ҳабси 27 ҷавон ва ҷаримаи 69 тани дигар
Кумитаи дин: Ифтор манъ нашудааст, вале дар он исроф накунед
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 30
Тавассути роҳи оҳан байни Тоҷикистону Қазоқистон қариб 6 млн тонна бор кашонида шудааст
Соли гузашта тиҷорат байни Тоҷикистону Эрон 28% афзудааст
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста