Миёни нафароне, ки бар асари ҳодисаҳои кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия ҳалок ва маҷрӯҳ шуданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мувофиқи иттилои охирин миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия иқомат доранд ва аксари онҳоро донишҷӯён ташкил медиҳанд, касе зарар надидааст.
Гуфта мешавад, Вазорати корҳои ҳориҷии Тоҷикистон бинобар сабаби ҳодисаҳои охир дар Туркия, хусусан пойтахти он - шаҳри Анқара ба сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар ин кишвар ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ баҳри таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муқими ин кишваранд, дастуру супоришҳо додааст.
Аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар минтақаҳои мухталифи Туркия қарор доранд, дархост мешавад, ки бояд бисёр эҳтиёткор бошанд ва аз ҷойҳои таҷаммӯи одамон дурӣ ҷӯянд.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар ҳолати зарурӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо намояндагиҳои Тоҷикистон дар Туркия тамос гиранд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия
Суроға: Кӯчаи Ферит Реҷаи Ертуғрул рақами 20, шаҳраки дипломатӣ, Оран, Анкара, Туркия
Тел: +(90 312) 491 16 07, 491 17 08
Факс: +(90-312) 491 16 03
E-mail: [email protected]
Сомона: www.tajikembassytr.org
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул
Суроға: Halkalı Cd. No:14, Yeşilköy Mh., Bakırköy-İstanbul
Тел: +90 212 426 50 52, +90 212 426 50 54
Факс: +90 2124265056
E-mail: [email protected]
Сомона: www.tajconsist.org
Ёдрас мекунем, ки шаби 15 ба 16 июл дар Туркия аз ҷониби низомиён кӯшиши табаддулоти давлатӣ сурат гирифта, тибқи маълумоти ахири ВАО, бар асари он 265 нафар ба ҳалокат расиданд.
Радиои Озодӣ дар ин робита менависад , дар Туркия тақрибан 6 ҳазор низомиён ва хихматчиёни давлатӣ дар робита ба табаддулоти нокоми давлатӣ боздошт шуда, “поксозӣ” дар ҳайати фармондеҳии артиш ва додгоҳҳо ҳам идома хоҳад кард.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста