Роҳбари Ассотсиатсияи собиқадорони воҳиди зиддитеррористии “Алфа” Сергей Гончаров доир ба масъалаи вазири низомии Давлати исломӣ таъин шудани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов изҳори назар кардааст.

Бино ба маълумоти агентии Хадамоти миллии иттилоотӣ бо истинод ба ин коршинос, пешвои нави Давлати исломӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ таълим гирифта, тарзу усулҳои кори дастаҳои таъиноти махсуси шӯравиро азбар кардааст ва сипас дар ИМА ҳам чунин давраи махсуси омӯзишро паси сар кардааст. “Ин маънои онро дорад, ки ӯ ба истифодаи ҳама гуна аз ин тарзу усулҳо (тактика) муқобили ҳарифони худ имкон дорад”, - гуфтааст номбурда.

Сергей Гончаров бар ин назар аст, ки барои зодаи кишвари Осиёи Марказӣ чунин таъинот ифтихори бузург аст ва аз эҳтимол дур надонистааст, ки акнун шояд пайвастани зодагони давлатҳои Осиёи Миёна ба сафҳои Давлати исломӣ бештар шавад.

Чанде қабл маълум шуд, ки зодаи Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов роҳбари нави низомии Давлати исломӣ интихоб шудааст. Ҳалимов ба Дастаи таъиноти махсуси милисаи Тоҷикистон фармондеҳӣ мекард ва сипас ба хиёнат ба давлат муттаҳам дониста шуд. Ӯ пас аз марги Тархан Батирашвили, мулаққаб ба Абӯ Умар аш-Шишонӣ, ки дар ин мансаб қарор дошт, ба ин вазифа таъин шуд.