Дар минтақаи наздисоҳилии Иссиқ-Кӯл имрӯз размоиши муштараки зиддитеррористи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай «Рисолати сулҳовар-2016» (Мирная миссия»- (Қирғизистон) бо иштироки воҳидҳои низомии Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Чин ва Қирғизистон оғоз мегардад.

Бино ба маълумоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, барои санҷиши омодагии воҳидҳои низомии Русия ба тамринҳо фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия генерал-полковник Владимир Заруднитский ба Қирғизистон омадааст.

Қаблан аз вилоятҳои Челябинск ва Новосибирск ҳавопаймоҳои зарбазани ҷабҳавии Су-24М, ҳавопаймоҳои иктишофии Су-24МР, ҳамчунин чархболҳои зарбазани Ми-24 ва ҳудуди 500 нафар хизматчиёни ҳарбии бригадаи алоҳидаи кӯҳии Ҳавза аз Сибири Ҷанубӣ бо автомашинаҳли зиреҳпӯши «Тигр» ба Қирғизистон интиқол дода шудаанд.

Дар машқгоҳи «Эделвейс»-и мавзеи наздисоҳилии Иссиқ-Кӯл амалҳои муштараки таълимиву ҷангӣ алайҳи гурӯҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ иҷро мешаванд. Марҳилаи фаъоли тамринҳои «Рисолати сулҳовар-2016» то 21 сентябр идома меёбад.