Тӯли 10 рӯз аз оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 50%-и нақшаи даъват ба иҷро расидааст. Дар Вазорати мудофиа итминон медиҳанд, ки маъракаи даъват бидуни ҳеҷ мушкилие ҷараён дорад.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки то имрӯз ба унвони вазорат аз даъватшавандагон ва волидони онҳо ягон шикояте дар ин хусус нарасидаааст.
Ӯ таъкид дошт, ки бо фармони вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо имсол дар назди тамоми комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҳуҷраҳои қабули аризаву шикоят аз даъватшавандагон ва волидони онҳо боз шуда, тамоми мушкилоти пайдошуда дар ин самт дар маҳалҳо роҳи ҳалли худро меёбанд.
Баъди даҳ рӯз аз оғози маъракаи мазкур нақшаи даъват дар ноҳияҳои Дарвозу Ишкошим ва Рӯшон (ВМКБ), Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлол, Спитамен ва Шаҳристон (Суғд) ва Носири Хусрав, Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳин пурра (100%) иҷро шудааст.
То имрӯз дар маҷмӯъ нишондиҳандаи иҷрои нақшаи даъват дар ВМКБ - 82%, вилояти Суғд - 63%, Хатлон - 47%, ноҳияҳои тобеи марказ - 38% ва шаҳри Душанбе - 28%-ро ташкил медиҳад.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони марди синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.



