Тамоми воҳидҳои сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ки ба ҳайати гарнизони ҳарбии Хоруғ шомиланд, соати 6-и субҳи имрӯз бо бонги хатар ба макони таъиншуда ҳозир шуданд.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода тариқи телефон аз ВМКБ ба «Азия-Плюс» хабар дод, наздики 10 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва хизматчиёни эҳтиётии артиши ҷумҳурӣ то соати 9-и субҳ ба машқгоҳи низомии ноҳияи Ишкошим расиданд. «Дар ин ҷо размоишҳои бузургмиқёси чоррӯзаи зиддитеррористии Тоҷикистону Чин оғоз гардиданд», - гуфт ӯ.
Дар ин размоишҳо ҷониби Чинро танҳо як ротаи Артиши миллии озодихоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагӣ мекунад.
Ба ин размоишҳо авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, артиллерия, силоҳи тирандозӣ сафарбар шуда, сарбозону афсарони ҳарду кишвар амалҳои муштарак ҳангоми пайдо шудани хатари вуруди террористон аз Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон ба Чинро мавриди омӯзишу сайқал қарор медиҳанд.
Қаблан зикр гардида буд, ки дар ҷаласаи ҳукумати ВМКБ ноҳияи Ишкошим макони баргузории размоишҳои зиддитерористӣ интихоб шудааст, зеро бо вилояти Бадахшони Афғонистон, ки террористони байнулмилалӣ дар он ҳузур доранд, марзи тӯлонӣ дорад.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо роҳбарӣ ба ин тамринҳоро бар дӯш дошта, ҳайати Чинро муовини фармондеҳи Ҳавзаи ҳарбии Синтзян-Уйғур генерал-майор Ван Гой сарварӣ мекунад. Размоишҳои мазкур санаи 24 октябр ба итмом мерасанд.



