Дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ марҳилаи ниҳоии тамринҳои бузургмиқёси муштараки зиддитеррористии Тоҷикистону Чин ба итмом расид, ки 4 рӯз идома ёфт.
Гурӯҳи шартии террористони байнулмилалӣ, ки ҷиҳати ноамн кардани вазъ дар қаламрави ВМКБ ва ноҳияи Синтзян-Уйғури Чин аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шуда буд, аз ҷониби низомиёни ҳарду кишвар комилан безарар гардонида шуд. Чунин буд сенарияи ин тамринҳо, ки рӯзи 20 октябр оғоз гардида буданд.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода тариқи телефон аз Ишкошим хабар дод, ки вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-майор Шералӣ Мирзо ва раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед имрӯз аз рӯи натиҷаҳои тамрин ба сарбозону афсарони бештар ба комёбиҳо дар он ноилгардидаи артишҳои Тоҷикистону Чин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Шералӣ Мирзо қайд кардааст, ки «дастгирии дуҷонибаву расидан ба кумаки ҳамдигарро, ки дар ҷараёни тамринҳо сарбозони артишҳои Тоҷикистону Чин эҳсос карданд, то дер боз дар хотири онҳо боқӣ хоҳад монд».
«Масоили амалҳои мутақобилаи зимни тамринҳо мавриди омӯзиш ва сайқалёбӣ қароргирифта нишон доданд, ки дар сурати зарурат, низомиёни кишварҳои ҳамсоя ба дастгирии ҳамдигар дар мубориза бо терроризми байнулмилалӣ омодаанд», - иброз дошт вазир.
Зимнан зикр гардид, ки аз ВМКБ сарбозону афсарони Артиши халқии озодихоҳи Чинро, ки дар тамринҳо иштирок карданд, бо нону намак гусел карданд.
Ёдрас мекунем, ки ҷониби Чинро дар ин тамринҳо танҳо як ротаи Артиши миллии озодихоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагӣ кард. Ба ин размоишҳо ҳудуди 10 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва хизматчиёни низомии эҳтиётии артиши Тоҷикистон, ҳамчунин авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, артиллерия, силоҳи тирандозӣ сафарбар шуданд.



