Бо гузашти 1 моҳ аз оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусалалҳи Тоҷикистон иҷрои нақша ба 91% расид.
Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ итминон доданд, ки аз оғози маъракаи даъват ба тамоми арзу шикояти аз ҷониби даъватшавандагон ва волидони онҳо ба унвони вазорат воридшуда муфассал ва бо тамоми ҷузъиёт расидагӣ мешавад.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки аксари дархости даъватшавандагону волидони онҳо ба дар наздикии хонаҳояшон гузаштани хизмати ҳарбӣ вобаста буда, ҳамчунин бинобар сабаби ҷой доштани мушкилоти оилавӣ, мавқуф гузоштани муҳлати хизмат низ хоҳиш мешавад. «Мувофиқи имкон мо кӯшиш мекунем, ки ба дархосту хоҳишҳои даъватшавадагону волидони онҳо расидагӣ кунем», - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки то имрӯз нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ВМКБ пурра - 100% ба иҷро расида ин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон - 96%, вилояти Суғд - 94%, шаҳри Душанбе - 81% ва ноҳияҳои тобеи марказ низ - 81%-ро ташкил медиҳад.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони марди синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.



