Сафорати ИМА дар Душанбе шаҳрвандони ин кишварро аз эҳтимоли сар задани амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дод.

Бино ба иттилои хабаргузории TojNews бо истинод ба матни изҳороти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон, сафорат бо ин ҳушдораш ба шарвандони ин кишвар, ки дар ҳудуди Тоҷикистон иқомат доранд, тавсия додааст, то аз ҷойҳои таҷаммуи мардум дур бошанд ва аз сафар ба манотиқи наздимарзии Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон бо Афғонистон худдорӣ варзанд.

Ҳамчунин дар ин изҳороташ сафорати ИМА хабар додааст, ки 11-уми ноябр “Рӯзи собиқадорони ИМА” –ро таҷлил мекунанд, бинобар ин сафорат фаъолият нахоҳад кард ва дар рӯзҳои дигари ҳафта бо реҷаи пештара кор мекунад.

Гуфта мешавад, ин дар ҳолест, ки чанде пеш фармондеҳи артиши миллии Афғонистон Қадам Шоҳ Шаҳим дар бораи шуруъ шудани як амалиёти зидди ҳаракатҳои террористӣ дар ин кишвари ҳаммарз бо Тоҷикистон, бинобар таҷаммуи неруҳои ифротгаро дар бархе аз манотиқи ин кишвар хабар дода буд.

Ахиран, Ожонси иттилоотии “Пажвок”-и Афғонистон бо истинод ба Шеръазиз Кома Вол, яке аз фармондеҳони афғон, хабар додааст, ки ҷангиёни ҳаракати толибон тасмим доранд дар Кундуз фаъол бишаванд, то ба зархаридони тоҷику ӯзбак, ки дар сафи ҳаракатҳои террористӣ меҷанганд, имкони вуруд ба ҳудуди кишварашонро фароҳам биёранд.

Дар Кундуз, шимоли Афгонистон амалиёти зидди гуруҳҳои террористӣ бо номи рамзии “Шафақ” шуруъ мешавад, ки бино ба иттилои расмӣ дар назар аст дар қаламрави тамоми ин кишвар тавсия ёбад. Дар ин амалиёт ба иттилои расонаҳои афғонӣ, неруҳои полис, амнияти милли ва дигарон истифода бишаванд. Амалиёт аз шаҳри Кундуз тавсея меёбад. Як қисми канори ин шаҳр то ҳол дар асорати толибон қарор дорад, ки боиси нигаронии сокинони осоишта шудааст.