Зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Остона зикр гардид, ки аз оғози соли равон беш аз 70 ҳазор нафар муҳоҷирон аз кишварҳои Шарқи Наздик ба кишварҳои узви Созмон омада, аз ин шумор танҳо 7 ҳазор нафарашон боқӣ мондаанд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа аз амалиёти «Нелегал-2016» натиҷагирӣ шуда, зикр гардидааст, ки дар ҷараёни ин амалиёти муштараки кишварҳои узви СААД зиёда аз 140 ҳазор ҳолатҳои қонуншиканӣ дар самти қонунгузории муҳоҷират, 9 далели зархаридӣ, 21 далели барангехтани низоъи мазҳабӣ ошкор ва ба маблағи наздики 4,5 млн. доллар ҷаримабандиҳои маъмурӣ татбиқ шуда, ба маблағи наздики 1, 5 млрд. доллар амалиёти молиявии шубҳанок ошкор карда шудаанд.

Зимнан қайд шудааст, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви СААД барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳудуди 2 ҳазор ва дигар ҷиноятҳо наздики 18 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 477 нафари мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордошта, аз ҷумла 4 нафари онҳо ба гумони фаъолияти ифротгароӣ ошкор шудаанд.

Зикр мегардад, ки дар ҷараёни кофтуковҳо 7 матбааи нашри ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, дастурҳои тарзи тайёр кардани онҳо, техникаи махсуси компютерӣ, беш аз 200 адад ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, дастгоҳу таҷҳизот барои тайёр кардани шиносномаҳо, муҳрҳои қалбакӣ ва воситаҳои алоқа дарёфт шудааст.

Ба иттилои муовини дабири кулли СААД Валерий Семериков, имсол аз Сурия, Лубнон, Ироқ ва Яман беш аз 70 ҳазор нафар муҳоҷирон ба кишварҳои узви Созмон омада, зиёда аз 63 ҳазор нафарашон қаламрави ин кишварҳоро тарк кардаанд. «Баъзе аз муҳоҷирон ба қонуншиканӣ даст мезананд ва нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд», - иброз доштааст номбурда.