Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба гумони робита доштан бо созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» 3 бародар ва  1 хоҳари онҳоро мавриди ҷустуҷӯ эълон кардааст, ки ҳанӯз соли гузашта ба сафҳои ин гурӯҳ пайвастаанд.

Дар сомонаи расмии ВКД имрӯз дар бораи ҷустуҷӯи Элёрбек Турабекови 20-сола, сокини 20-солаи шаҳракаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, ки аз 25 июни соли гузашта ҷустуҷӯ мешавад, эълон нашр шудааст.

Ҳамчунин бародарони ӯ, Асилбек Турабекови 17-сола, Худоёрбек Турабекови 26-сола ва ҳамчунин хоҳари онҳо - Нодирабегим Турабековаи 24-сола низ мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтаанд.

 

Ғайр аз ин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боз 6 нафар зодагони ҳамин шаҳрак - Зӯҳро Болтаева, соли таваллудаш 1982, Исломиддин Боронов, соли таваллудаш 1990, Шералӣ Мамадқулов,  соли таваллудаш 1978, Илҳомҷон Қаюмов, соли таваллудаш 1972, Салоҳиддин Келдиев, соли таваллудаш 1996 ва Даврон Мамадқулов, соли таваллудаш 1987-ро низ ҷустуҷӯ дорад.

Бино ба маълумоти ВКД, ҳамаи ин шахсони зикршуда ба пайвастан ба гурӯҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Давлати исломӣ» гумонбар дониста мешаванд.

Қаблан, 24 ноябр ВКД Тоҷикистон рӯйхати нави шаҳрвандони кишварро, ки дар сафҳои гурӯҳи террористии Давлати исломӣ меҷанганд, бо аксҳояшон ба нашр расонид.