Иҷрои вазифаҳои дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз 1 январи соли 2017 ба дӯши муовини дабири кулли СААД Валерий Семериков вогузор шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти СААД, Николай Борджюжа аз соли 2003 вазифаи дабири кулли ин Созмонро бар дӯш дошт. Моҳи декабри соли 2015 дар нишасти СААД дар Маскав қарор шуд, ки ваколатҳои ӯ то 1 январи соли 2017 дароз карда шаванд. Генерал-полковники мустаъфӣ Валерий Семериков низ аз соли 2003 муовини дабири кулли СААД мебошад.
Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бар асоси Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъии 15 майи соли 1992 аз ҷониби кишварҳои узви ИДМ баимзорасида таъсис дода шуд. Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон кишварҳои узви СААД мебошанд. Охири моҳи июни соли 2012 Ӯзбекистон эълон кард, ки узвияти худ дар Созмонро бозмедорад.


