Писари собиқ пешвои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ҷавонони афғонро ба сафи гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) ҷалб мекунад, ки ба нигаронии зиёди ҳукуматдорони Афғонистон боис шудааст.

Писари собиқ пешвои ҲИӮ дар музофоти Сари Пул, қисмати шимолу ғарби Афғонистон ба мушоҳида расида, ба ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба сафи созмони фаъолияташ дар бисёр кишварҳо манъи «Давлати исломӣ» ҷалб кардааст. Дар ин бора хабаргузории «Фергана» бо истинод ба Tolo News иттилоъ медиҳад.

«Маркази Гумилёв» иттилоъ медиҳад, ки раси вилоят Муҳаммад Зоҳир Ваҳдат гуфтааст, писари Тоҳир Юлдошев чанде қабл дар як қатор деҳоти вулусволиҳои Сайёд ва Қоштеппа қарор дошта, сипас ин қаламравро тарк кардааст, вале ин хабар тасдиқ нашудааст.   

Номи писари Тоҳир Юлдошев оварда намешавад, дар бораи ӯ қариб чизе маълум нест. Бино ба иттилои хабаргузорӣ, ӯ аввали солҳои 1990 дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон ба дунё омада, соли 1993 пешвои фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи ҲИӮ ҳамроҳ бо фарзандону оила ва наздиткону пайвандонаш ба Афғонистон фирор кард. Минбаъд онҳо ва ҷонибдоронашон Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро таъсис дода, соли 2014, аллакай баъди марги Тоҳир Юлдошев (соли 2009) ҲИӮ аз пайвастанаш ба Давлати исломӣ хабар дод.

Волии Сарипул аз вазъи амниятӣ нигаронӣ изҳор намуда, гуфтааст, террористон дар мавзеи Кӯҳистонот амал дошта, ва дар он ҷо таъҷилан мебояд амалиёти бузургмиқёсро роҳандозӣ намуд. Аз шумори саҳеҳи гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ ӯ маълумот дар даст надоштааст, вале он беш аз 4 ҳазорн афарро ташкил медодааст. Миёни онҳо ҳам аъзои Толибону ҳам намояндагони Давлати исломӣ ҳузур доштаанд.

Вилояти Сари Пул дар наздикии марз бо Туркманистон ва Ӯзбекистон воқеъ аст.
аз сомонаи АИ "Фергана"

Ба гуфтаи раиси Шӯрои вилояти Сарипул Муҳаммад Нур Раҳмонӣ, пойгоҳи асосии ҷангиёни Давлати исломӣ дар мавзеи Шоҳтути вулусволии Сайёд воқеъ буда, урдӯгоҳҳои тамринии толибон дар қаламрави вулусволиҳои Кӯҳистонот, Сузма ва деҳоти Лаки дар маркази вилояти Сарипул қарор доштааст.

Тибқи маълумоти Раҳмонӣ, дар Сари Пул ҳудуди 3 ҳазор нафар ҷангиёни гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ ҳузур дошта, ба онҳо генерали мустаъфии покистонӣ Шайх Нидо Муҳаммад Надим роҳбарӣ мекуардааст. Мураббиёни ин ҷангиён шаҳрвандони хориҷӣ будаанд, ки сокинони маҳаллӣ аксаран забони онҳоро намефаҳмидаанд.