Дар минтақаи Отряди сарҳадии «Панҷ»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон маросими тантанавӣ дидбонгоҳи нави “Файзободқалъа” ба истифода дода шуд, ки ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири замонавӣ аст.
Тавре Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод, дар маросими ифтитоҳи он Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Раиси ноҳия Панҷ Сайфиддинзода Маҳмадюнус ва намояндагони дигар сохторҳои қудратӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, дар баромадҳои худ онҳо таъкид карданд, ки садоқат ба савганди ҳарбӣ рисолати меҳварии ҳар як хизматчии ҳарбист. Зикр намуданд, ки ин сохтори низомӣ зодаи истиқлолият буда, дар байни дигар мақомоти қудратӣ ҷавонтарин ва пурмасъулияттарин мақомот ба ҳисоб меравад. Бо тамоми ҷузъу томҳояш аз рӯзҳои аввали таъсис то кунун уҳдадориҳои худро дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ муваффақона иҷро намуда истодааст.
Дидбонгоҳи нави сарҳадии «Файзободқалъа» таъмиру азнавсозӣ шуда, дорои утоқҳои корӣ ва хобгоҳи афсарону сарбозон, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, хонаи фароғатӣ, ҳаммом, ошхона ва майдончаи варзишӣ мебошад.
Бинои дидбонгоҳ бо дастгирии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар муддати кутоҳтарин сохта, таъмиру азнавсозӣ шуда, дорои тамоми шароитҳо ва утоқҳои муосири замонавӣ барои фаъолияти сарҳадбонон мебошад.
Зикр мегардад, ки дар қисмати дуюми чорабинӣ аз ҷониби шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Панҷ барои ҳайати шахсӣ барномаи консерти намоиш дода шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 феврали соли 2026
Ҳукми Фарҳод Назаров, омӯзгоре аз Левакант, ки хонандаро “шаппотӣ” зад, содир шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста