Муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар кори машварати 5-уми роҳбарони мақомоти сарҳадбонии кишварҳои ИДМ, ки рӯзҳои 10-12 март дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон доир мегардад, иштирок мекунад.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар ин машварат роҳбарони мақомоти сарҳадбонии Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Хадамоти ҳамоҳангсози Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ ширкат меварзанд.
Роҳбарони Қӯшунҳои сарҳадии Вазорати мудофиа ва раёсати Пулиси сарҳадбонии ВКД Афғонистон ба сифати нозирон ба машварат даъват шудаанд.
Дар машварат баррасии хусусият ва тамоюлҳои рушди вазъият дар сарҳадоти кишварҳои узви ИДМ бо Афғонистон, ҳамчунин таҳияи тадбирҳои муштарак оид ба тақвияти таъмини амнияти марз дар самти минтақаи Осиёи Марказӣ дар назар аст.
Дар чаҳорчӯби кори машварат дар Тирмиз як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ баргузор мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста