Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон зарарҳои расида аз даргириҳои марзии рӯзҳои 29-30-апрели соли равонро ҳисоб кардаанд.
Ҷониби Тоҷикистон ҳарчанд хисороти ворида аз ин даргириҳоро расман эълон накардааст, вале як манбаъ “Азия-Плюс” дар Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи Исфара гуфт, онҳо ҳисоботоро барои санҷиш ба ҳукумати вилояти Суғд фиристодаанд, ки бино ба ҳисоби пешакӣ ин зарар дар Исфара баробар ба 11 миллиону 901 ҳазору 772 сомонӣ (1,06 млн доллар) аст.
Дар ин ҳисобот хонаҳои вайроншуда, иншооти марказҳои хизматрасонӣ, техникаҳо, чорвову дигар муҳимоти талафшудаи мардум ворид шудааст. Манбаъ гуфт, ҳисобот хисороти умумии ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Сурх, Шаҳрак ва Ворухро фаро мегирад, ки дар ин миён зиёни аз ҳама беш ба ба деҳаҳои Хоҷаи-Аъло ва Сомониёни Чоркӯҳ расидааст.
“Дар натиҷаи даргириҳои марзӣ дар Исфара 16 хона комилан, 4 хоҷагии ёрирасон ва оғилҳо қисман ва 37 хонаи дигар зиёни сабук дидаанд. Ҳудуди 10 мошину техникаҳои дигар ва боғоту киштзорҳо зарар дидаанд”,-мегӯяд ин манбаъ.
Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ин бора иттилои расмӣ надод, танҳо дар ин ниҳод гуфтанд, ки ҳисоботро барои санҷиш ба ҳукумати Суғд ирсол кардаанд.
Дар ҳамин ҳол як манбаъи “Азия-Плюс” аз ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки шоҳиди муноқишаҳои марзӣ буд гуфт, Комиссияи ҳолатҳои фавқуллода зиёни ин ҷамоатро тақрибан 53 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст. Қарори раиси ноҳия дар ин бора содир шудааст, вале зарари ниҳоӣ чи миқдор ҳисоб шуд ба мо нафиристоданд, гуфт манбаъ.
“Дар Овчӣ-Қалъача 2 хона комилан сӯхт. Бинои МТМУ №71 қисман осеб дидааст. Ба хонаҳои 61 хонаводаи дигар хисороти гуногун расидааст”,- мегӯяд манбаъ
Қирғизистон зарарро расман эълон кард
Рӯзи 21-уми июн Қирғизистон расман эълон кард, ки дар муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон 1 миллиарду 305 миллион сом (15,4 млн доллар) хисороти пулӣ дидааст. Дар ин бора сардори Раёсати ҳифзи шаҳрвандӣ ва амалиёти наҷотбахши Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон Ириспек Ҷолдошбоев ба расонаҳои қирғиз хабар додааст. Ӯ гуфтааст дар ин бора санади комиссия ва аъзои он мавҷуд аст ва ин ҳисоботи ниҳоӣ ва охирон аст. Ба навиштаи расонаи қирғизии for.kg/news дар ҷараёни муноқиша 220 иншоот, аз ҷумла 138 хона дар Қирғизистон тахриб шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста