Вазорати дохилаи "Толибон" аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Кобул хабар додааст, ки гӯё ба пойтахти Афғонистон омада алайҳи "Толибон" ҷиҳод эълон кардааст.
Дар хабарномаи "Толибон" омадааст, гӯёи ин шаҳрванди Тоҷикистон узви ДОИШ будааст.
Дар видео, ки вазорати дохилаи Толибон рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми март нашр кардааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, ки "исми аслиям Умед, номи мустаорам Аҳмад Фарид ва аз Тоҷикистон ҳастам. Аз Тоҷикистон ба Русия сафар карда, аз Русия ба Туркия, аз Туркия ба Эрон, аз Эрон Афғонистон бар зидди муҷоҳиддини иморат ҷиҳод мекунам".
Нашрияи "Иттилооти рӯз"-и Кобул бо такя ба як манбаъ дар вазорати дохилаи Толибон менависад, ки ин шаҳрванди гӯё Тоҷикистон дар ноҳияи 15-уми шаҳри Кобул боздошт шуда ва бо доштани робита ба гурӯҳи ДОИШ муттаҳам аст.
Мақомоти қудратии Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назаре накардаанд. Дар видеое, ки ин ҷавон суҳбат мекунад, ӯ тақрибан ҷавон 24-25-сола ба назар мерасад. Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҷавон шаҳрванди Тоҷикистон ва аз тоҷикони зодаи Тоҷикистон аст ё аз тоҷикони афғонистониасли зодаву бузургшудаи Тоҷикистон.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намошномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2025
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста