Муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев аз кори шабакаи иҷтмоии “Facebook” интиқод карда гуфтааст, ки чунин сайтҳо маълумоти корбарони худро ҷамъ карда, ба созмони дигар барои таблиғ ё ҳадафҳои дигар мефурӯшанд.
Ӯ дар як мақолаи худ таҳти унвони “Facebook” дӯсти ман аст ё аз хирс?”, ки имрӯз, 31 март дар ҳафтаномаи “СССР” нашр шудааст, гуфтааст, “маълумоте ки дар Интернет эҷод ва паҳн мешавад, дар ниҳоят онҳо манбаи асосии монетизатсия ва эҳтимолан назорат аз болои Инетрнет мебошад”.
- Моликияти иттилооти рақами 1 мавзӯи мураккаб аст, зеро қоиди ягонае вуҷуд надорад, ки кӣ молик аст. Бо вуҷуди ин, мантиқист, ширкате, ки платформаи тавлиди маълумот дорад, ба монандаи “Фейсбук”, қонунан соҳиби ин маълумот аст. Қисми зиёди инфрасохтори интернет ба якчанд ширкатҳои бузурги телекоммуникатсионии байналмилалӣ тааллуқ дорад,- гуфтааст Илҳомҷон Атоев.
Номбурда, аз сол ба сол афзудани ҳаҷми қаллобӣ дар шабакаи Интернет нигаронӣ намуда, гуфтааст, ки маҳз дар замони панедмия “шумораи кӯшишҳои вайрон кардани системаҳои иттилоотӣ ва дуздии маълумоти рақамӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст”.
Илҳомҷон Атоев мегӯяд, ба хотири пешгирӣ аз фаъолиятҳои террористӣ, экстримистӣ, ҳолатҳои барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ бо истифода аз шабакаи интернетӣ, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо КДАМ, ВКД ва дар асоси аризаҳои Додситолни кули Тоҷикистон бо ҳалномаи Додгоҳи олӣ миқдори зиёди вебсайтҳои интернетиро дар ҳудуди Тоҷикистон қатъ (блок) намудаанд.
- Аз ҷумла дар сомонаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Однокласник” ва дигар барномаҳои месенҷерӣ натиҷаи чунин фаъолият мавриди баррасию иҷро қарор дода шудааст, - навиштааст Илҳомҷон Атоев.
Интиқоди муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанде пеш “Роскомнадзор” фаъолияти “Facebook” – ро дар ҳудуди Русия маҳдуд кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста