Расонаи амрикоии "Long War Journal", ки хабарҳои марбут ба ҷангу терроро инъикос мекунад, хабар додааст, ки Маҳдӣ Арсалон, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки раҳбари гурӯҳи террористии "Ансоруллоҳ" аст, фармондеҳи Толибон дар панҷ вулусволии вилояти Бадахшон аст.
Ин хабар қабл аз ин ҳам расонаӣ шуда буд, вале баъди нашри матлаби рӯзи 25-уми майи Long War Journal ин мавзуъ дар расонаҳои Афғонистон дигарбора ба сархати хабарҳо баромадааст.
Ин расонаи амрикоӣ Маҳди Арсалонро фармондеҳи гуруҳи "Ансоруллоҳ"-и марбут ба "Алқоида" дониста ва навиштааст, ки ҳарчанд "Толибон" замонат медиҳанд, ки хоки Афғонистонро дар ихтиёри ҷангҷӯёни хориҷӣ қарор намедиҳанд, аммо фармондеҳии чанд вулусволии шимоли кишварро ба як террористи тоҷик супурдаанд.
Long War Journal навиштааст, ки Арсалонро дар ин мақом Қорӣ Фасеҳуддин, Луидиристез ё раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Толибон, ки худ тоҷики бумии Афғонистон аст, таъин кардааст.
Дар пайи ин хабар "Афғонистон Интернейшнл" навиштааст, ки Маҳди Арсалон контроли вулусволиҳои Кӯфоб, Хоҳон, Моймай, Нусай ва Шкайи вилояти Бадахшонро дар ихтиёр дорад. Ин вулусволиҳо марбути водии Дарвози Афғонистон мешаванд, ки дар марз бо ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон қарор доранд.
Расонаӣ амрикоӣ ишора кардааст, ки Маҳди Арсалон чанде пештар дар саҳфаи фейсбукияш видеоҳоеро нашр кардааст, ки неруҳояшро дар марзи Тоҷикистон ҷо ба ҷо мекунад.
Long War Journal навиштааст, ки Арсалон Муҳаммад Шарифов, шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар минтақаи Рашт таваллуд шудааст ва соли 2014 ба "Ҷамоати Ансоруллоҳ" пайвастааст: "Ӯ ба дунболи падар ва бародари ҷиҳодияш, ки аз сӯйи неруҳои амниятии Тоҷикистон кушта шуданд, рафтааст. Аз сӯйи ин гурӯҳ мағшӯйӣ шуд ва аз сатҳи поёнӣ ба фармондеҳӣ расид",-овардааст манбаъ.
Расонаи амрикоӣ навиштааст, ки ӯ "хатарнок ва бераҳм" тавсиф мешавад
Маҳди Арсалон ё Муҳаммад Шарипов бино ба маълумоти мақомоти қудратии Тоҷикистон зодаи 27-солаи деҳаи Шербегиёни ҷамоати Сафедчашмаи ноҳияи Нурободи Тоҷикистон аст. Падари ӯ Мирхоҷа Шарипов аз наздикони Амриддин Табаров-бунёдгузор ва раҳбари пешини гурӯҳи "Ансоруллоҳ" буд. Яке аз хоҳарони Арсалон ҳам ҳамсари писари Табаров гуфта мешавад.
Маълумоти Long War Journal дар бораи "Ансоруллоҳ":
"Ҷамоати Ансоруллоҳ", ки бо "Ал-Қоида" робита дорад, гурӯҳи террористиест, ки соли 2006 ҳамчун шохаи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) бо меҳварияти Тоҷикистон ташкил шудааст. Ин гурӯҳ, бори аввал соли 2010 бо анҷом додани як таркиш дар аз сӯйи як террористи маргталаб дар Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили шаҳри Хуҷанди маркази виляти Суғд маъруф шуд.
Дар натиҷаи ин инфиҷор з тан кушта ва 25 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. мақомоти расмии маҳалӣ гуфтанд, ки террорист ин амалро анҷомдода дар урдугоҳҳои "Ал-Қоида" дар манотиқи қабиланишини Покистон омодагӣ дидааст. Соли 2012 ин гуруҳро дар Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ифротгароие, ки ба давлат хатар дорад, манъ карданд.
Ин гурӯҳи террористӣ, ки мехоҳад ҳукумати Душанберо бо режими исломӣ иваз бикунад, аз замони таъсиси худ дар шимоли Афғонистон фаъол аст ва аз ҳимояти Толибон ва ҲИӮ бархурдор мебошад. Ҳатто баъд аз куштани Амриддин Табаров аз сӯйи неруҳои афғон дар соли 2015 ин гурӯҳ вуҷуди худро дар Афғонистон бо шумули пойгоҳҳои тамринотӣ, ҳифз кардааст.




Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Маош аз 60 то 200 ҳазор рубл. Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷойи кор пешниҳод доранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста