Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, дар як ҷаласаи омодагӣ ба маъракаи даъват ба артиш супориши қатъӣ додааст, ки бештар фарзанди мансабдорон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда шаванд. Дар ин бора Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазир ҳамчунин, ба мақомоти марбута дар робита ба ташхису муоинаи тиббӣ ва пешгирӣ аз ҷинояту роҳҳои ғайриқонунии даъват ба артиш низ дастур додааст.
“Вобаста ба муроҷиати мардум дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда сари вақт қарори дахлдор қабул намоед”, - гуфтааст Шералӣ Мирзо.
Ӯ ба масъулин таъкид доштааст, ки ба пӯшидани сару либоси низомӣ ва муомилаву муносибати хуб бо шаҳрвандон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, кӯшиш намоянд, ҷавонони солиму бардам ва болаёқатро интихоб ва ба сафи Артиши миллӣ равона созанд.
Вазири дифоъ ҳамзамон, аз омода кардани мутахассисон барои артиш дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ва ташкилу роҳандозии дарсу машғулиятҳои соҳавӣ гуфтааст.
Дастури вазири дифои кишвар дар ҳолест, ки шурӯъ аз 1-уми октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз ёфта ду моҳро идома мекунад.
Ҳамин тариқ, дар гузашта хабарҳо дар бораи ба сафи артиш пайвастани фарзандони чанд мансабдори сатҳи поинӣ расонаӣ мешуд.
Ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.
Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зинаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Воқеан, ба поинравии қурби рубл муҳоҷирон гунаҳкоранд? Шарҳ медиҳем.
Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон вазифаи нав гирифт
“Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Содироти меваи хуч аз Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд шуд
Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои нави Додгоҳи олӣ бо додрасҳо мулоқот кард
1,7 млн сомонӣ ҷарима дар 10 рӯз. Сабти беш аз 8 ҳазор қонуншиканӣ дар натиҷаи амалиёти “Муоинаи техникӣ”
Барои ҳавзаи энергетикии Осиёи Марказӣ харитаи роҳ таҳия шуд
“Равшан” дар охирин бозии худ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 пирӯзӣ ба даст овард, аммо...
Аз 460 ба 213 сомонӣ. Нархи санҷиши манъи вуруд ва изи ангушт барои сафар ба Русия арзон шудааст
Чӣ гуна ва дар куҷои Душанбе метавон электромобилро нерӯ дод?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста