Дар ҷамоати деҳоти Овчӣ - Қалъача ду бозори муштарак - “Вохӯрӣ” ва молбозор мавҷуд буд. Айни ҳол молбозор пурра аз фаъолият бозмонда, бозорчаи “Вохӯрӣ”, ки дар баробари маҳсулот чандин нуқтаи сузишворӣ ҳам дорад, қисман фаъолият мебарад.

Илҳом Маҷидзода, сокини ҷамоати наздисарҳадии Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар бозорчаи “Вохӯрӣ”, дар қади роҳи мошингарди Хуҷанд - Конибодом ба фурӯши маҳсулоти ғизоӣ машғул аст. Ӯ мегӯяд, беш аз 10 сол боз дар ин ҷо кор мекунад ва “Вохӯрӣ” солҳои пеш аз муноқишаҳои сарҳадӣ макони вохӯрии сокинони ду кишвари ҳамсоя-тоҷикону қирғизҳо буд. Номи бозор ҳам шояд ба ҳамин хотир пайдо шудааст.

Маҷидзода гуфт, ки аз бозорҳои вилояти Суғд яклухт мол мехарад ва дар дӯконаш мефурӯшаду аз ҳамин ҳисоб зиндагиашро пеш мебарад. Қисми харидоронаш сокинони маҳалҳои  наздисарҳадии Қирғизистон  будаанд. Аммо даргириҳои се соли охир дар сарҳад, ба кори ӯ низ таъсири манфии худро расонидааст.

“Айни ҳол савдо суст ва маҳсулот  кам аст. Ҷанг ба ҳеҷ ваҷҳ ба фоидаи касе нест. Сулҳ, дӯстӣ, якдигарфаҳмии сокинони ду кишвар хеле муҳим аст. Охир, ҳамсоя доди Худост. Танҳо муросову дӯстӣ бояд кард!”,- мегӯяд Илҳом Маҷидзода.

Илҳом Маҷидзода

 

Тоҷикистон лоиҳаи 24 бозори наздимарзиро дошт

Ҳарчанд бозорҳои наздимарзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон расман фаъолият надоштанд, аммо дар онҳо теъдоди зиёди мардум ба қавле нони худро пайдо мекард. Барои ҳамзистии осоиштаи мардум ҳам ин бозорҳо мусоидат менамуданд. Аз ҳамин ҷост, ки дар бораи тавсеаи онҳо солиёни зиёд сӯҳбатҳо дар сатҳи гуногун сурат мегирад.

Масалан, ҳанӯз апрели соли 2017 зимни вохӯрии намояндагони аҳолии наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо мусоидати Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Исфара бо иштироки 35 нафар намояндагони ҷамоатҳои наздимарзии ҳарду ҷониб барпо шуд, зикр гардид, ки савдои наздимарзӣ метавонад барои барқарор кардани эътимоди ҳамдигарӣ мусоидат намояд.

Сари мизи гуфтушунид вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодӣ байни деҳоти наздимарзӣ баррасӣ шуда, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба тавассути густариши робитаҳои тиҷоратӣ, беҳбуд бахшидан ба кори бозорҳои наздимарзӣ, фароҳам овардани шароити хубу мусоид барои равуо ва ҳамлу нақли молу маҳсулот, тавсеъаи робитаҳои дуҷониба миёни сохторҳои тиҷоратӣ ва дар ниҳояти кор, истифодаи густурда аз имконоти содиротии ҳарду тарафро таъкид доштанд.

Зикр шуда буд, ки бояд имконоти содиротиро пурсамар истифода намоянд, то зиндагии мардум хубтар шавад.

Нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Вохӯрӣ"

Соли 2017 муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Сайраҳмон Назризода вобаста ба ифтитоҳи бозорҳои нави наздимарзӣ гуфта буд, ки лоиҳа дар хусуси таъсиси 24 бозори наздимарзӣ омода аст ва баъди мувофиқа намудан бо сохторҳои салоҳиятдори давлатҳои ҳамсоя онҳо ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард.

Бояд гуфт, савдои наздисарҳадӣ натанҳо як шакли ҳамкории мардуми минтақа, балки воситаи беҳбуди некӯаҳволии халқ низ мебошад.

Мудири ҳамонвақтаи шуъбаи иқтисод ва савдои ҳукумати шаҳри Исфара Собитҷон Умаров гуфта буд, ки  онҳо барои аз байн бурдани монеаҳо дар роҳи рушди савдои барои тарафайн судманд кӯмак хоҳанд кард. Сардори департаменти кишоварзии ноҳияи Ботканд Абдипатта Пирназаров ҳам гуфт, ки мебояд корро аз амалисозии тадбирҳо ҷиҳати рафъи садду монеъаҳо дар самти тиҷорати дуҷониба оғоз кард.

“Барои савдо мо молу маҳсулот ва имконият дорем ва ин тадбирҳо бояд ба муҳайё кардани ҷой ба соҳибкорон дар бозорҳо ва таъмини амнияти онҳо равона гардида, савдо метавонад барои барқарор кардани эътимод як пули пайвадкунандае гардад, ки имрӯз мардуми ҷамоатҳои мо ба он ниёз доранд», - иброз дошт ӯ.

Савдо боиси пайдоиши оилаҳои нав ҳам шуда буд

Ин танҳо Илҳом Маҷидзода нест, ки аз бозорҳои наздисарҳадӣ, ки то сар шудани муноқишаҳои хунин фаъолият доштанд, бо таассуроти зиёд нақл мекунад. Мардуми зиёди дигаре низ он рӯзҳоро  бо ҳавас нақл мекунанд. Гуфта мешавад ин бозорҳо ҷои савдои фақат тоҷику қирғиз не, балки халқҳои дигари минтақа ҳам буд. Аз ҷумла ӯзбек, кореягӣ, русу тотор ва хулоса намояндагони миллатҳои дигар низ дар ин бозор савдо мекарданд, ё чизе мехариданд. Забони гуфтугӯ дар ин бозор се забон буд: тоҷикӣ, қирғизӣ ва ӯзбекӣ. Замони фаъол будани бозорҳо одамон на танҳо зиндагии худро таъмин менамуданд, балки ҳолатҳои бо ҳам унс гирифтану оиладор шудани сокинон ҳам ҷо дошт.


Тартиби воридшавӣ ба бозори машҳури “Шанбебозори” Овчи-Қалъача, ки дар масофаи тақрибан 200 метр то сарҳад ҷойгир буд, хеле содда буд: дар минтақаи бетараф миёни марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон сарбозони тоҷик убури марзи давлатиро мушоҳида мекарданд. Якеашон ҳуҷҷатҳоро сабти ном мекард. Маълумоти шахсии шаҳрвандони Қирғизистон дар як китоб ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар китоби дигар сабт мешуданд. Шарт набуд, ки ҳатман шиноснома пешниҳод намоед. Муҳим ягон ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият бошад. Дуртар аз онҳо кормандони гумруки Қирғизистон меистоданд ва кори худро анҷом медоданд.

Маҳсулот ҳам дар ин бозор хеле арзон - тақрибан бо нархи маҳсулоти бозори “Панҷшанбе” –и Хуҷанд баробар буд. Савдо ҳам бо пули тоҷикӣ ва ҳам қирғизӣ сурат мегирифт.

Савдоро ҳам “сиёсӣ” карданд

Аммо сар аз соли 2013 мушкилиҳои сохтае дар фаъолияти бозорҳои марзӣ пеш омад. Охирҳои моҳи апрели ҳамон сол мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бодканди Қирғизистон, тоҷирони тоҷикро аз фурӯши маҳсулоташон дар бархе аз бозорҳои ин минтақа, манъ кардаанд.

Ба навиштаи торнамои "VESTIKG", дар як минтақаи марзӣ бо номи Самарқандак, бозори ҳафтаина амал мекард, ки сокинони деҳаҳои Чоркӯҳ ва Ворухи шаҳри Исфараи Тоҷикистон маҳсулоти худро дар он ба фурӯш мегузоштанд. Торнамои "VESTIKG" аз қавли мақомоти маҳаллии қирғиз навишт, ки сабаби ин тасмим, гӯё ба меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудани маҳсулоти ворида аз Тоҷикистон будааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, гӯё баъд аз озмоиш ошкор шудааст, ки муҳлати истеъмоли аксари ин маҳсулот хатм шуда ва ҷавобгӯи талаботи беҳдоштӣ набудаанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи мақомоти маҳаллии қирғиз, он вақт чандин нафар гӯё бо сабаби заҳролуд шудан дар бемористони минтақа бистарӣ шудаанд, ки иллати он, маҳсулоти воридаи сифати паст аз Тоҷикистон будааст. Аммо вакили парлумони Қирғизистон Мақсад Собиров гуфта буд, ки ин тасмими мақомот ба ҳодисаи муноқиша миёни сокинони ду тарафи марз рабт дорад.

Дар натиҷа мақомоти маҳаллии Тоҷикистон ҳам дар посух сокинони манотиқи марзии Қирзистонро аз хариду фурӯш дар бозорҳои наздимарзӣ манъ карданд.

Ҳарфи Шавкат Мирзиёевро кӣ мешунавад?

Дар ҳамин ҳол, моҳи июли соли 2022 нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифт ва дар он масоили минтақавӣ баррасӣ шуданд. Дар ҳамин нишаст президенти Қирғизистон Садир Жапаров изҳор дошт, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд худро бо ғизо таъмин кунанд. Ба гуфтаи ӯ, иқтисоди ҷаҳонӣ, ки барои пурра барқарор шудан аз таъсири пандемияи коронавирус фурсат наёфта буд, ҳоло дар пайи ташаннуҷҳои байналмилалӣ таконҳои навро аз сар мегузаронад.

Дар ҳамин ҳол президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки сарфи назар аз динамикаи мусбат, барои рушди бештари минтақа бояд бозорҳои наздимарзӣ бо шароити муосир ташкил шавад. Ӯ гуфт, имрӯз тиҷорати дохилиминтақавӣ ҳамагӣ 5-10 дарсади ҳаҷми умумии гардиши молро ташкил медиҳад.


Абдумуталлиб Шарифов, сокини шаҳри Истара, мегӯяд, ки солҳои зиёд муносибаҳои дӯстӣ, фаъолияти бозорҳои муштараки ду кишварро таҳлил карда ба хулоса омадааст: сокинони маҳалҳои марзи ҳама хоҳони пойдор шудани сулҳ ва ҳамсоягии нек ҳастанд.

Шарипов гуфт, ки дар ҷамоатҳои деҳоти  наздисарҳадии  Исфара ҳоло бозори муштараке вуҷуд надорад, вале қаблан мардум ҳамеша ба бозорҳои ҳамдигар бе монеа мерафтанд ва тиҷорат мекарданд. Ниятҳои сохтани минтақаи озоди иқтисодӣ ва бозорҳои бузурги муштараки наздимарзӣ буданд, аммо дар натиҷаи афзоиши муноқишаҳо муносибатҳои ҳамкорӣ маҳдуд гаштанд ва ҳамон нақшаҳо ҳам амалӣ нашуда монданд. Ҳатто як бозорчаи муштараке, ки дар деҳаи Лаккон амал мекард, аз байн рафтааст. Айни ҳол дар Исфара ва ноҳияи Бодканди Қирғизистон бозори муштараке нест.

Вакили Шӯрои маҳаллии деҳаи Оқсойи Қирғизистон Соатбек Анаров низ мегӯяд, “ҳамсояро интихоб намекунанд” ва меафзояд:

 - Дӯстии мо абадист  ва сарҳад надорад. Мо бояд онро мустаҳкам кунем, дар деҳоту ноҳияҳои наздисарҳадӣ корхонаҳои хурди муштарак ташкил кунем, ки ин чиз ба мустаҳкам кардани риштаҳои дӯстии сокинони наздимарзӣ хеле муҳим аст.

Коршиноси масоили марзӣ, рӯзноманигори тоҷик Неъматулло Мирсаидов низ яке аз роҳҳои ҳалли мушкили байни ду кишварро дар фаъолгардонии тиҷорати якҷоя медонад.

-Тиҷорат омили муҳими пойдории анъанаҳои пешина ва дӯстона байни сокинони маҳалҳои марзӣ ва мардуми ду кишвари ҳамсоя аст. Агар мардум эҳсос намоянд, ки аз ҳамдигар вобастаанд, ба ҳамдигар ниёз доранд, ба роҳ мондани ҳамкориҳои манфиатбахши дуҷониба осон аст. Боварӣ ҳам ба ҳамдигар устувор мегардад. Аз ин рӯ, ҳамаи монеаҳое, ки ҳаракати озодонаи шаҳрвандони ду кишварро маҳдуд менамояд, бояд бардошта шаванд, - мегӯяд ӯ.

Ӯ мисол меорад, ки роҳҳои байни маҳалҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 10  сол аст, ки бастаанд. Аз ҷумла, тавассути роҳҳои байни Шӯробу Чоркӯҳ, Исфанаву Бодканд, деҳаи Қарабоғ муомилоти мол сурат мегирифт ва ин роҳҳо ҷузъи тиҷорати марзӣ буд. Онҳо на танҳо барои ба сатҳи баланд баромадани зиндагии мардум хизмат мекарданд, балки ба хазинаи давлатии ҳарду кишвар ҳам даромад меоварданд. Се сол аст дар натиҷаи шиддат гирифтани муноқишаҳо ҳарду ҷониб дари бозорҳои худро барои ҳамсояҳо комилан пӯшиданд. Дар натиҷа, мардуми маҳалҳои наздимарзӣ маҷбур шуданд, ки барои фурӯши моли худ дигар бозорҳоро ҷустуҷӯ намоянд.

Мардуми маҳалҳои наздимарзӣ низ умедворанд, ки муноқишаҳо дар марз хотима меёбад ва робитаҳои ҳамсоягӣ эҳё мегарданд.

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи DW Akademie, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии федеролии Олмон (Auswärtiges Amt) маблағгузорӣ мешавад, омода гардидааст. Андешаҳои дар ин мақола баёншуда маводи муаллифӣ буда, нуқтаи назари Deutsche Welle/DW Akademie-ро инъикос намекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.