Давоми 40 рӯзи маъракаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон нақшаи ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 76 дарсад иҷро шудааст, гузориш медиҳад маркази матбуъотии вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба навиштаи ин ниҳод, дар вилояти Суғд маъракаи даъват ба хидмати ҳарбӣ 68%, дар вилояти Хатлон 73% ва НТҶ 77% иҷро шудааст.
Душанбе аз анҷоми маъракаи даъват дар аввалҳои моҳи май хабар дода буд. Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон низ аз иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ ҳисобот дода буд.
Дар маъракаи даъвати ҷорӣ, ки охири моҳи май ба анҷом мерасад, ҷавонони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хидмат даъват мешаванд.
Соли 2021 парлумони Тоҷикистон дар таҳрири нав қонуни "Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ"-ро қабул кард, ки бар асоси он шаҳрвандони кишвар ҳамакнун метавонанд бо пардохти маблағи муайян давоми як моҳ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хидмати ҳарбиро адо намоянд.
Нархи хизмати алтернативӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда ба 68 сомонӣ баробар аст) мебошад.
“Духтарон бояд босавод шаванд”. Нахустнамоиши филми тасвирӣ
Фохтак ё Мусича. Парандаи соли 2024 дар Тоҷикистон интихоб шуд
ФФТ: Роналду виза гирифт. Ба эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон меояд
Аз тағйири номи маҳалҳо дар Бадахшон то “Сарбозшикор”-у тиҷорати Абдумалик Абдуллоҷонов
72 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 5 соли зиндон. Дар Тоҷикистон ҷазо барои рақамҳои қалбакӣ сахттар шуд
Бек Сабур алайҳи Илон Маск. Кадоме аз онҳо зудтар дар Тоҷикистон интернети босуръатро фароҳам меоранд?
Русия зодаи Тоҷикистонро мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон кард
Чаро сокинони Тоҷикистон ба назди фолбину ҷодугар мераванд?
То имрӯз Ҳамос 81 гаравгон ва Исроил 180 зиндониро раҳо кардаанд
Нурсултон Назарбоев бори аввал эътироф кард, ки зани дуюм дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста