Айни замон ҷараёни таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон идома дорад.
Ҷонибҳо то ин дам шарҳу тавзеҳи лоиҳавии боз 101,86 километр қитъаҳои баҳсноки сарҳадро ба имзо расонидаанд. Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи ним сол 5 вохӯрии комиссияи топографӣ гузаронида шуда, “гуфтушунидҳо дар фазои дӯстона ҷараён доранд”.
“Намояндагони комиссия ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон гуфтушунид мекунанд”, - иброз дошт Хоҷазода ва изҳори итминон кард, ки мушкилот роҳи ҳалли худро меёбад.
Аввали соли 2022 Ориф Хоҷазода хабар дода буд, ки аз 1 майи соли 2022 мувофиқи санад (протокол)-и №39, Тоҷикистон ва Қирғизистон 81 километри сарҳадро мушаххас карданд.
“То имрӯз аз 970 километр сарҳади умумӣ бо Қирғизистон 519 километраш таъъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Минбаъд барои ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳои марбут ба мушкилоти таъйин ва аломатгузории сарҳад кор бурда мешавад”, - зикр карда буд ӯ он замон.
Дар бораи вохӯрии комиссияҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва гуфтушунидҳо дар фазои дӯстона қариб ҳар моҳ хабар дода мешавад, лекин бо баҳонаи тавофуқи дуҷониба доир ба ифшо накардани маълумот то хотимаи гуфтушунидҳо, ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳо, дар бораи натиҷаҳои он чизе намегӯяд.
Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад. Айни замон 519 километр хатти сарҳади давлатӣ мушаххасу муайян ва аз ҷониби ҳарду давлат эътироф шудааст. Боқимонда - зиёда аз 400 километри хатти сарҳад баҳснок шуморида мешаванд.
Ҳаллу фасл нашудани ин масъала борҳо ба сар задани муноқишаҳо байни сокинони маҳаллӣ ва хидматчиёни ҳарбии ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон боис мегарданд. Муноқишаи ахир моҳи сентябри соли 2022 рух дода буд.