Дар ноҳияи Ботканд вохӯрии ҳайатаҳои Қирғизистону Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора хабаргузории Тurmush бо истинод ба хадамоти матбуоти ҳокимият иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, вохӯрӣ дар мавзеи Торт-Кочу дар сарҳади деҳаи Орто Бози авули Ак-Татири ноҳияи Ботканд ва деҳаи Хоҷаи Аълои Исфараи Тоҷикистон доир гардидааст.

Сурат: turmush.kg

Ҳайати Қирғизистонро ҳокими ноҳияи Ботканд Учкунбек Жоробоев ва Тоҷикистонро - раиси ноҳияи Исфара Баҳодваддин Баҳодурзода роҳбарӣ кардаанд.

Дар вохӯрӣ намояндагони сохторҳои қудратӣ, раисони Раёсатҳои хоҷагии об ва роҳаброни ниҳодҳои дахлдор аз ҳарду ноҳия ҳузур доштаанд. Ҷонибҳо масоили марз, тартиботи ҳуқуқӣ, киштукори баҳорӣ, тозакунии ҷӯйбор ва наҳрҳо, инчунин пешгирии ҳолатҳои муноқиша ва иғвоангезиҳои гуногунро баррасӣ кардаанд.

Сурат: turmush.kg

Дар хабар зикр мешавад, ки айни замон вазъияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар ноҳияи Ботканд орому осоишта аст.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистону Қирғизистон тавсифи 889,45 километри сарҳадро ба анҷом расониданд, ки 90% аз хатти умумии сарҳадро ташкил медиҳад.

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 8 феврал дар Душанбе раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи кории топографӣ аз ҷониби Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ба рӯзноманигорон иттилоъ дода буд, ки соли 2023 гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон 15 ҷаласа гузаронида, аз рӯи натиҷаҳои онҳо тавсифи 169,48 километр хатти сарҳади давлатӣ анҷом дода шуд.

Масофаи умумии сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 987,6 километрро ташкил медиҳад.

Он замон Хоҷазода аз пешниҳоди маълумоти муфассал дар бораи қитъаҳои мувофиқашудаи сарҳад худдорӣ варзида, ишора карда буд, ки “қаблан ҷонибҳо бобати “махфӣ боқӣ мондани мазмуни протоколу ҳуҷҷатҳо дар бораи иҷрои корҳо, қатъиян риоя шудан ва нашри онҳо пас аз розигии ҳарду тараф” ба созиш расида буданд.

Хоҷазода аз шарҳи маълумоти дар моҳи март имзо шудани созишномаи ниҳоӣ низ худдорӣ варзида, чунин гуфта буд: “Мо ҳам хоҳони он ҳастем, ки масъалаи сарҳад ҳарчи зудтар ҳаллу фасл шавад”.

Рӯзи 10-уми январи соли 2024 Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия пас аз вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март таъйид шудааст.

Гуфтушунидҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатии байни кишварҳо аз соли 2022 идома доранд.

Одамон аз ҳарду ҷониб борҳо барои обу замин ва чарогоҳ ба муноқиша пардохта, онҳо баъзан ба задухӯрди мусаллаҳона боис мешуданд.

Қитъаҳои баҳснок асосан дар мавзеи тақсимоти об, чарогоҳу қитъаи заминҳо, ки ҳарду ҷониб қаламрави худ мешуморанд, ҷойгир шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.