Имрӯз дар Тоҷикистон 30-юмин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба ин муносибат президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ аз маркази таълимии "Пойтахт"-и марзбонон дар ноҳияи Фирдавсӣ боздид намуданд.
Гуфта мешавад, бинои 4 ошёнаи таълимӣ аз ҳуҷраҳои корӣ барои ҳайати афсарон, хобгоҳи васею барҳавои сарбозӣ, ҳаммом, хонаи хизмати маишӣ, анбори нигоҳдории маҳсулот ва сару либоси ҳарбӣ, ҳуҷраи аслиҳа ва хонаҳои фароғатӣ иборат мебошад.
Зимни суҳбат бо гурӯҳи сарбозон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии ҳарбӣ бояд аз ҳисоби ҳамин гуна сарбозони донову зирак, ҳушёру тануманд ва ватандӯсту фаъол, ки аз мактаби ҷасорат дар қисмҳои ҳарбӣ гузаштаанд, интихоб бояд кард.
Бинои навбунёд барои омода намудани мутахассисони хурди сарҳадӣ нигаронида шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар Маркази таълимӣ инчунин тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, нуқтаҳои тиббӣ, майдонҳои сафороӣ, қисмҳои навбатдорӣ, нуқтаҳои назорати гузаргоҳ ва дигар биноҳои ёрирасон таҷдиду навсозӣ гардидаанд.
Дар марказ, Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, боздид кард.
Ҳамчунин дар қаламрави Маркази таълимии “Пойтахт” Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ба сохтмони 5 бинои истиқоматии 16-ошёна бо 840 манзили истиқоматӣ барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ санги асос гузоштанд.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюми биноҳои истиқоматӣ марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, муассисаи томактабӣ, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, марказҳои хизматрасонии тиббӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ сохта мешавад.
Тибқи лоиҳа, дар ҳавлии биноҳои 16-ошёна ҳамчунин зеристгоҳ, дегхона, майдончаҳо барои бозии кӯдакон ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад.
Дар идома президенти мамлакат ва шаҳрдори пойтахт дар паради ҳарбӣ ширкат варзида, бинои нави Ситоди отряди таъиноти махсусро ифтитоҳ намуда, ҳамзамон аз фаъолияти коргоҳи истеҳсоли воситаҳои техникӣ боздид намуданд.
Президент дар нуқтаи идоракунии Отряди таъиноти махсуси Қушунҳои сарҳадӣ ба тариқи онлайн як қатор иншооти нави соҳаро ифтитоҳ карда, бо рафти машқҳои тактикию таълимӣ шинос шуд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар Отряди таъйиноти махсуси Қӯшунҳои сарҳадӣ аз Кохи “Деваштич” боздид намуданд. Бинои нав аз Осорхонаи Пешвои миллат, толори бошукӯҳи маҷлисӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.