Cарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамроҳи комиссияи ҳукумат ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувони вилояти Хатлон боздид кард.
Зикр шуд, ки дар ноҳияи Темурмалик мавзеъҳои нисбатан хавфнок шаҳраки Баҳманрӯд, мавзеи Ҳамровиё, деҳоти Кангурт, деҳаҳои Танобчии поён ва боло ба ҳисоб рафта, дар ин ҷойҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бунёди саддҳои муҳофизатӣ гузаронида шуда буд, лекин боришоти фасли баҳор ва сел чанде аз онҳоро вайрон кард. Бар асари болоравии сатҳи об дар дарёҳои Сурхоб ва Шӯраксой ба ноҳия зарар расонида шуда, айни замон дар он ҷо корҳои барқарорсозӣ ҷараён доранд.
Сарвазир ба мутахассисон дастур дод, ки оид ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ мувофиқи талаботи муосир лоиҳаҳои нав таҳия намоянд.
Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон низ оид ба гузоштани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ҷиҳати минбаъд пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ корҳо ҷараён доранд.
Ғайр аз ин, комиссия аз қитъаҳои вайроншудаи соҳили дарёҳои Сурхоб ва Обимазор, инчунин мавзеи Гулдара ва ноҳияи Балҷувон боздид кард. Дар баъзе ҷойҳо об саддҳои муҳофизатиро вайрон кардааст.
Зикр шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи ин оқибатҳо кумаки иловагӣ мефиристад. Ба мутахассисон супориш дода шуд, ки лоиҳаҳо таҳия намуда, дар мавзеъҳои осебдида корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба роҳ монанд.
Дар ноҳияи Балҷувон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ҳисоби маблағҳои ҳукумат ва соҳибкорони маҳаллӣ гузаронида мешаванд. Ба сифати корҳои иҷрогардида таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, аз 3 то 26 май дар қаламрави ҷумҳурӣ 256 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, тибқи санадҳои аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳо пешниҳодшуда, ҳаҷми зарар зиёда аз 44 млн сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, дар саҳифаи ҳукумати Хатлон дар Facebook хабар дода мешавад, ки дар ноҳияи Балҷувон корхонаи нави истеҳсоли масолеҳи сохтмон боз шуд.
Сарвазири мамлакат сохтмони корхонаҳои навро муҳим арзёбӣ намуда, рушди бахши хусусиро барои татбиқи ҳадафи миллӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар ба саноатикунонии кишвар расидан дастгирӣ кард.
Ғайр аз ин, дар деҳаи Самари ҳамин ноҳия мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумии №24 боз шуд. Ин муассиса аз 10 синф иборат буда, дар он барои 480 нафар хонандагон шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Қобили зикр аст, ки ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, дар ноҳияи Балҷувон сохтмони 257 иншоот ба нақша гирифта шуда, 108-то он аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 майи соли 2025
Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”
“Талаби оташбас барои 30 рӯз ва мубодилаи асирон”. Мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Туркия оғоз ёфт
“Шиддати сиёсати муҳоҷират дар Русия боиси коҳиши вуруди муҳоҷирон гардид”
“Худоро фаромӯш накунед”. Абдурозиқ ба Душанбе баргашт ва бо “Азия-Плюс” мусоҳиба орост
Coca-Cola барои тағйироти нек рӯҳбаланд мекунад. Дар Тоҷикистон маъракаи “Бо кӣ ин Coca-Cola-ро тақсим мекунӣ?” оғоз ёфт
Боз як корхонаи насбу васл ва истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш дар Данғара бунёд мешавад
Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимовро ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Мусобиқаи давидан ва веломарафон дар Душанбе. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд
Кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000 санади калидии кори низомҳои энергетикиро имзо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста