Дар Тоҷикистон миёни беш аз 100 коршинос, рӯзноманигор, блогер ва фаъолони расонаӣ аз тамоми манотиқ перомуни инъикоси масоили террористиву экстремистӣ тадқиқот гузаронида шуд.

Ин пурсишро Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ/НАНСМИТ) дар чорчӯбаи лоиҳаи Барномаи рушди СММ “Таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ тавассути иштирок ва пешбурди ҳуқуқҳо дар байни ҷавонзанону ва ҷавонмардони ба ифротгароӣ осебпазир” бо кумаки ВКХ-и Канада анҷом додааст.

Ин пурсиш дар моҳҳои марту апрели соли равон гузаронида шуда, дар он 108 нафар ширкат кардааанд. Нусхаи натиҷаи тадқиқоти мазкур дастраси “Азия-Плюс” шуд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ ба “Азия-Плюс” гуфт, пурсиш гувоҳӣ медиҳад, ки рӯзноманигорон ва блогерҳои Тоҷикистон омодаанд мавзӯъҳои пешгирии ифротгароиро инъикос намоянд, аммо ба онҳо донишу малака, захираҳо ва пуштибонии бонизом намерасад.

“Мо бовар дорем, тавассути омӯзиш ва ҳамкории устувор муҳити расонаро метавон ба сипари пуриқтидор бар зидди ифротгароӣ табдил дод” - гуфт Нуриддин Қаршибоев.

 

Мақсадҳо ва вазифаҳои тадқиқот

Мақсади асосии тадқиқот арзёбӣ ва шиносоии эҳтиёҷот ва зарфияти расонаҳо, блогерон ва фаъолони ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои пешгирии ифрогароии хушунатомез ва терроризм зикр мешавад.


Ин тадқиқот бо мақсад ва вазифаҳои зерин гузаронида шудааст:

- Арзёбии ҳолати ҳозираи нақши воситаҳои ахбори омма дар масъалаи пешгирии экстремизми хушунатомез ва терроризм;

- Таҳлили принсипҳое, ки воситаҳои ахбори омма ва блогерон дар ҳалли масъалаи пешгирии экстремизми хушунатомез пайравӣ мекунанд;

- Шиносоии мушкилоти пеш омада дар таҳияи маводҳо барои муқобила бо экстремизм ва терроризм;

- Арзёбӣ ва шиносоии эҳтиёҷот ва талаботи воситаҳои ахбори омма, блогерон ва фаъолони ҷамъиятӣ барои беҳтар кардани фаъолияти онҳо.

 

Натиҷаҳои асосии тадқиқот

Беш аз 86% ширкаткунандагони пурсиши мазкур нақши муҳим ва масъулиятноки расонаҳоро дар коҳиши ифротгароӣ таъкид намуданд. Ин нишон медиҳад, ки аксари мутахассисони соҳа аҳамияти кори худро дар ин самт дарк менамоянд.

Ба андешаи иштирокчиёни пурсиш, монеаҳои асосӣ дар пӯшиши хабарии масоили пешгирии ифротгароии хушунатомез дар расонаҳо ин набудани коршиносони варзида дар ин соҳа, камбуди маълумоти боэътимод ва ҳамаҷониба, маҳдудияти дастрасӣ ба иттилооти расмӣ, ва набудани таҷрибаи кофӣ барои инъикоси ин мавзӯъҳои ҳассос мебошад.

Инчунин, ба қавли пурсидашудагон, иқдомот дар ҷаҳорчӯбаи Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм низ бояд беш аз пеш тақвият ёбад. Бахусус, ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатӣ бо расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд беҳтар карда шавад.

Пурсидашудагон ҳамчунин таъкид кардаанд, ки барои инъикоси самараноки мавзӯъҳои марбут ба терроризм ва экстремизм, бояд саводи расонаӣ ва таҳлилии рӯзноманигорон, малакаи санҷиши далелҳо ва иттилооти расида, қобилияти таҳияи паёмҳои алтернативӣ ва созанда ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми инъикоси мавзӯъҳои ҳассос тақвият дода шаванд.


 

Тавонмандсозии намояндагони расонаҳо

Дар заминаи натиҷаҳои пурсиш аз ҷониби АМВАОМТ нақшаи тавонмандсозии намояндагони расонаҳои ҳукуматӣ ва мустақил омода шудааст, ки силсилаи машғулиятҳоро барои рӯзноманигорон ва блогерҳо дар мавзӯъҳои фавқуззикр бо таваҷҷуҳ ба амалия, ахлоқ, амният ва масъулияти расонаӣ дар назар дорад.

“Тренингҳо ва дигар чорабиниҳо, аз ҷумла озмун барои маводи беҳтарин дар инъикоси пешгирии ифторгароии хушунатомез дар чорчубаи лоиҳа ба баланд бардоштани зарфияти касбии журналистони ҷавон, блогерон ва фаъолони ҷомеа мусоидат хоҳад кард”, - таъкид мекунад Нуриддин Қаршибоев.

Нахустин машғулият дар шаҳри Истаравшан 25-27 апрел баргузор гардидааст. Дар он 31 рӯзноманигор, блогер ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Дар чорабинӣ, дар мадади аввал қарор додани сатҳи маърифати касбӣ барои журналистон, далелсанҷӣ, нақши ВАО дар муқовимат бо ифротгароӣ таъкид гардид.


Машғулияти навбатӣ дар рӯзҳои наздик дар ноҳияи Нуробод дар нақша аст.

Бояд гуфт, ки пӯшиши хабарии масоили марбут ба терроризму экстремизм дар расонаҳои Тоҷикистон рӯзмарра ва мубрам боқӣ мемонад. Дар воқеъ, барои инъикоси чунин масъалаҳо рӯзноманигорони ангуштшумор даст мезананд ва ҳангоми таҳияи матолиб ҳам бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ мешаванд.

Натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳанд, ки расонаҳо, рӯзноманигорон ва блогерон метавонанд нақши муҳимро дар пешгирии паҳншавии идеологияҳои тундгаро бозанд. Вале барои амалӣ намудани ин нақш онҳоро зарур аст, ки донишу малакаи касбӣ, принсипҳои ахлоқӣ ва масъулияти иҷтимоии худро пайваста такмил диҳанд.

Ҳамкории самараноки сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо метавонад ба сохтани сипари пуриқтидор дар муқобили терроризм ва экстремизм мусоидат намояд. Ин таҷрибаи Тоҷикистон метавонад барои кишварҳои дигар низ намунаи муфид бошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.