Дар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, якбора болоравии ҳарорат дар назар аст. Чунин пешгӯӣ дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ зикр шудааст. То соли 2050 шумори рӯзҳои гарм метавонад се баробар афзуда, ҳолатҳои маргумир аз гармӣ, бахусус миёни қишри осебпазири аҳолӣ, ба таври назаррас зиёд шавад. Зиёни иқтисодӣ аз гармии ғайриодӣ метавонад то 2,5% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ташкил диҳад. Барои сабуксозии оқибатҳои он, таъмиру навсозии зерсохтор ва беҳбуди низоми тандурустӣ зарур аст.

Тоҷикистон ба мисли дигар ҳамсоякишварҳои минтақа бо афзоиши якбораи шумори рӯзҳо бо ҳарорати баланд дучор шуда, он дар навбати худ, ба оқибатҳои назаррас барои солимии аҳолӣ оварда мерасонад. Пешгӯӣ мешавад, ки дар давраи то соли 2050 шумори рӯзҳои гарм бо ҳарорати зиёда аз 30 дараҷа 40-70 рӯз афзуда, ба зиёдшавии ҳолатҳои маргумир боис мегардад.

Бахусус шахсони калонсол, кӯдакону афроди дорои бемориҳои музмин осебпазир мешаванд. Дар Тоҷикистон аллакай ҳозир ҳарорат дар тобистон ба нишондиҳандаҳои хеле боло расида, ин тамоюл барои солимии теъдоди зиёди шаҳрвандон хатарнок мегардад.

Мувофиқи пешгӯии коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, то соли 2100 мавҷҳои гармои шадид меъёр мешаванд. Дар шаҳрҳое чун Душанбе шумори рӯзҳои ҳарораташ аз 35 дараҷа гарм метавонад мушкили ҷиддӣ шавад. Агар ҷиҳати мутобиқат тадбирҳо рӯйи даст гирифта нашаванд, ҳолатҳои маргумир аз гармӣ метавонад 2 ё ҳатто 3 баробар зиёд шавад.

Пешбинӣ мешавад, ки то соли 2050 дар баъзе шаҳрҳои Осиёи Марказӣ шумори ҳолатҳои марг метавонад  аз 10 ҳазор нафар зиёд шавад. Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои марг бар асари гармӣ 18,5-20 ҳолат ба 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар ҳудуди хос барои бархе аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо иқлими таърихан сабук ба мисли Тошканду Бишкек қарор дорад.

Сурат: Asia-Plus

Зиёни иқтисодӣ ва таъсир ба соатҳои корӣ

Болоравии ҳарорат ба коҳиши самаранокии кор ва зиёни назарраси иқтисодӣ боис мегардад. Дар Тоҷикистон, ки қисми зиёди иқтисод ба бахши кишоварзӣ вобаста аст, болоравии ҳарорат ва афзудани шумори рӯзҳои гарм метавонад фалокатбор бошад.

Пешгӯӣ мешавад, ки соли 2025 Осиёи Марказӣ ба талафоти назарраси соатҳои корӣ бар асари гармии шадид дучор шавад. Тоҷикистон бо 12% ҳиссаи пешгӯишавандаи камшавии соатҳои корӣ дар зинаи аввал қарор мегирад. Ин нишондиҳанда яке аз баландтарин дар минтақа мебошад.

Дар Ӯзбекистон камшавии аз 10%-и соатҳои корӣ, Туркманистон - 9%, Қазоқистон - 8% ва Қирғизистон - 7% интизорӣ меравад. Ин тағйирот ба иқтисод, бахусус дар бахши кишоварзӣ ва сохтмон, ки коргарон дар ин соҳаҳо ба гармии шадид осебпазиранд, таъсири назаррас мерасонад.

Зарурати мутобиқшавӣ

Барои сабуксозии оқибатҳои гармшавии глобалӣ, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд тадбирҳои таъҷилӣ рӯйи даст гиранд. Тадбирҳои мутобиқшавӣ ба гармии шадид аз таъмиру навсозии зерсохтор, беҳбуди низомҳои тагдурустӣ, бунёди низомҳои огоҳии барвақтӣ ва таҳияи моделҳои нави меъмории тобовар ба гармии шадиди шаҳрҳо иборат аст.

Бонки ҷаҳонӣ таъкид мекунад, ки сармоягузорӣ ба салқинсозии шаҳрҳо ва таъмиру навсозии зерсохтор метавонанд 80%-и ҳолатҳои маргумири марбут ба гармиро пешгирӣ намуда, камшавии самарнокии корро ду баробар коҳиш диҳанд.

Фароҳам сохтани ҷойҳои кории ҳифзшаванда, беҳбуди шароитҳо барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва таъмиру навсозии зерсохтори энергетикӣ, ки дар шароити гармии шадид ба сарбории иловагӣ дучор мешавад, аз тадбирҳои муҳим дониста мешаванд.

Акси марбута аз торнамои v102.ru

Тағйири минтақаҳои иқлимӣ

Тағйироти дарзмуддати иқлим ба маҳдуд шудани қаламравҳо бо иқлими муътадил, бахусус дар минтақаҳои ҷануб ва марказӣ оварда мерасонанд.

Дар Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои ҳамсоя ин омил ба васеъ гардидани минтақаҳои биёбон ва нимабиёбон боис мегардад, ки бахши кишоварзӣ ва захираҳои обро зери таҳдид мегузорад. Ин дигаргунӣ дар навбати худ, низомҳои экологиро тағйир дода, ба ҳаёт ва кори рӯзмарра таъсир мерасонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.