Вазорати дифои Тоҷикистон эълон кард, ки дар рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ, нақша дар тамоми кишвар 55% иҷро шудааст. ВМКБ ва чанде аз шаҳру навоҳӣ аз пурра иҷро кардани нақшаи даъват хабар доданд. Коршиносон сабаби дар рӯзи аввал иҷро кардани нақшаро барвақттар оғоз шудани маъракаи даъват медонанд, вале мақомот инро ба афзоиши ихтиёриён ва пешниҳоди имтиёзҳо рабт медиҳанд.
Вазорат дар хабарномааш гуфт, ВМКБ шаҳри Норак, ноҳияҳои Вахш ва Балҷувони ва Сангвор аввалин шуда дар рӯзи якуми даъват аз иҷрои нақша гузориш додаанд.
Ин ниҳод гуфтааст, 8 сол аст, ки ВМКБ дар рӯзи нахустини маъракаи даъвати ҳарбӣ нақшаро ба сафи артиши Тоҷикистон пурра иҷро мекунад.
Аз ин ниҳод нагуфтанд, ки нақшаи даъвати ҳарбӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ чӣ қадар иҷро шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар рӯзи якуми маъракаи даъват, чанде аз шаҳру навоҳӣ хбар доданд, ки нақшаро пурра иҷро карданд. Аз ҷумла, ноҳияҳои минтақаи Рашт (Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт) гуфтанд, нақшаи даъватро дар рӯзи аввал пурра иҷро кардаанд.

Бархе аз шаҳру навоҳӣ як рӯз пеш аз оғози маърака хабар доданд, ки нақшаро иҷро карданд. Аз ҷумла, шаҳри Бохтар бо нашри чанд акс гуфт, нақшаро пеш аз ғози маърака иҷро карданд.
Ҳамчунин, ҳукумати вилояти Хатлон низ дар рӯзи якуми маросими даъват ба артиш аз иҷрои нақша дар 11 шаҳру ноҳияҳои ин вилоят хабар дод. Ин ниҳод гуфтааст, ки дар Фархор, Ховалинг, Балҷувон, Левакант, Бохтар, Вахш, Норак, Хуросон, Данғара, Муъминобод ва Дӯстӣ нақшаи даъват ба артиш 100% пурра шудааст.
Ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ки ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара, шаҳракҳои Адрасмон ва Зарнисори шаҳри Гулистон, ва ҷамоатҳои деҳоти Хурмӣ, Саразм, Халифа Ҳасан, Шинги шаҳри Панҷакент, Суғдиён ва Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳи ин вилоят дар рӯзи аввали маъракаи даъват ба артиш нақшаи даъвати ҳарбиро пурра кардаанд.
Чӣ гуна нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи аввал иҷро шуд?
Солҳои гузашта ҳам ВМКБ ва бархе аз шаҳру навоҳии кишвар дар рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбӣ аз иҷрои пурраи нақша хабар медоданд. Мақомот иҷрои нақшаро дар рӯзи аввали маъракаи даъват “афзоиши ихтиёриён ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар арафаи маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ” арзёбӣ мекунанд.
Вале коршиносон мегӯянд, бамаротиб кам будани теъдоди даъватшавандагон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби аслии дар рӯзи аввали маъракаи даъват ба артиш шудани нақша мебошад.

Қаблан, Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки фаъолияташ ба ҳимояи аскарон равон шудааст, гуфта буд, ки “омӯзиш ё омодагӣ ба маъракаи даъват як моҳ пештар оғоз мешавад. Ҳар комиссариати ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллие, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монад, нақшаро зудтар иҷро мекунад”.
Ба гуфтаи Дилрабо Самадова, тағйиру иловаҳое, ки соли 2020 ба қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ворид карда шуду тибқи он соҳибони дипломи макотиби олӣ ҳам бояд ба артиш раванд ва танҳо баъди хизмат метавонанд дар мақомоти қудратӣ кор кунанд, низ сабаби дар баъзе минтақаҳо иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввал гардид.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони дигар бар ин назаранд, ки мақомоти маҳаллӣ баъди имзои қонун дар бораи даъвати ҳарбӣ аз ҷониби президент ба маъракаи даъват оғоз мекунанд ва бо роҳҳои фишор ба оилаи даъватшавандагон ва худи онҳо ҷавононро ба артиш ҷалб менамоянд.
Ҳамасола бо шуруъи маъракаи давъати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Имсол тибқи фармони президент ҷавонони аз 18 то 27 солаи ба артиш ҷалб мешаванд. Маъракаи даъвати ҳарбӣ аз 1-уми октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр давом мекунад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста